Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар як ҷаласаи ҳукумат аз камбуди барқ дар ноҳияҳои вилоят нигаронӣ карда, пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Хоруғ низ барқ чанд соате қатъ карда шавад, то ноҳияҳои дигар низ аз барқи чандсоата истифода кунанд. Дар ноҳияҳои вилоят барқ бо реҷаи махсус дода мешавад, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 3-4 соат аст.

Телевизиони маҳаллии “Бадахшон” суханронии раиси вилоят Ёдгор Файзовро дар ҷаласаи ҳукумати вилоят нашр намудааст, ки Файзов дар суханронии худ мегӯяд, «ғайр аз шаҳри Хоруғ, имрӯз дар бисёр ноҳияҳо барқ нест, аз ҷумла дар Вахону Поршнев мардум се рӯз аст, умуман қувваи барқ надоштанд. Ва мегӯяд, агар зарур бошад дар шаҳри Хоруғ шабона як ду соат барқ қатъ карда шавад ва шояд лампаҳои кӯчаҳои шаҳрро низ хомӯш кунем.

 «Се рӯз мардум барқ надоштанд ва мегӯянд, ақалан ду ё се соат ба мо барқ диҳед, ки телефонҳои мобилии худро қувват диҳем», - мегӯяд Файзов.

Раиси ВМКБ инчунин аз  директори генералии навтаъини ширкати «Помир энерҷӣ» Алихон Раҳимов дар мавриди ҳалли мушкилот пурсон шуда, ӯро ба таҳлили вазъ даъват кард.  

«Шумо ҳамчун мутахассис бигӯед, ки дар куҷо барқ қатъ карда шавад ва чӣ корҳои дигар бикунем. Дар куҷо дизел монем ва як таҳлили дуруст кунем, ки мардум бо барқ таъмин шаванд. Мардум бисёр мардуми батоқат ва баинсофанд. Бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ ҳамарӯза дар тамос ҳастем ва дастгирӣ мекунем. Вале шумо ҳамчун мутахассис назорат кунед», - илова кард Ёдгор Файзов.

Бебарқӣ дар ВМКБ дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри як баёния аз сарду сербориш шудани чанд рӯзи оянда хабар додааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоте, ки Агентии обуҳавошиносии кишвар ба «Азия-Плюс» дод, фардо дар ВМКБ ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо боришоти барф пешбинӣ мешавад.

Инчунин ба пешгӯии ин ниҳод, рӯзи 27-уми декабр низ боришоти сусти барф дар назар аст. Ва то 30-юми декабр дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво нисбат ба дигар рӯзҳо сард хоҳад шуд, ки сардии он то 35-40 дараҷаро ташкил хоҳад кард.

Бебарқии имсол дар Бадахшон ғайричашмдошт буда, мардум низ аз набудани он чанде пеш шикоят карда буданд. 

Масъулони ҳукумати ВМКБ рӯзи 21-уми декабр далели бебарқ мондани сокинони навоҳии вилоятро дар ин шабу рӯзҳои сардтарини ин минтақа шарҳ дода буданд. Ғолиб Ниятбеков, сардори маркази матбуоти раиси ВМКБ ба «Азия-Плюс» далели бебарқ мондани бошандагони вилоятро дар ях бастани дарёҳои Ғунду Панҷ рабт дода гуфта буд, ки аз сабаби он ки ҳаво якбора сард шуд, тӯли ду рӯз  дар ноҳияҳои вилоят барқ қатъ карда шуд.

Ба гуфтаи Ниятбеков, ин ду рӯз ҳаво дар вилоят - 22 дараҷа сард шуда, оби дарёи Ғунд ва дарёи Панҷ ях баста, ҳамзамон оби ин дарёҳо хеле кам шуд буд.

«Ҳаво якбора дар вилоят сард гардид ва оби дарёҳо ҳам кам ва ҳам ях баста буд. Бинобар ин неругоҳҳо аз сабаби камии об миқдори лозимаи барқро наметавонист таъмин намояд. Дар шаҳри Хоруғ тӯли ин ду рӯз барқ пурра таъмин буд. Дар ноҳияҳо лимит ё реҷаи барқдиҳӣ ҷорӣ карда шуд ва дар як рӯз ё субҳ ё бегоҳ барқ як ё ду соат дода мешуд. Ҳафтае пеш лимити реҷаи 5-соата ҷорӣ карда шуда буд.  Ҳоло сардии ҳаво камтар шуд ва мардум бо барқ таъмин шуданд».

Ҳамзамон ба гуфтаи сардори Маркази матбуоти раиси ВМКБ, дар Бадахшон қать гардидани барқ хеле кам ба назар мерасад, ки сабаб низ сардии ҳаво мебошад.

Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ ҳамчунин гуфт, ки ширкати «Помир Энержӣ» аз мақомоти вилоят хоҳиш кардааст, ки бо сокинони минтақа дар мавриди сарфакорона истифода намудани барқ дар фасли сармо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.