Қаллобон роҳҳо ва усулҳои зиёдеро истифода мебаранд, ки ҳар дафъаи баъдӣ мукаммалтар шуда роҳҳои нави қаллобиро кашф мекунанд. Барои бехатарии Шумо ҳангоми харид тариқи интернет 5 маслиҳати муфидро ҷамъоварӣ кардем.

1. Харидро танҳо тавассути сайтҳои боэътимод анҷом диҳед. Дар хотир доред, ки суроғаи URL-и сайт бояд бо "https" оғоз шавад, на бо "http". Вебсайте, ки бехатар рамзгузорӣ шудааст ба шумо имкон медиҳад, ки бидуни тарс аз ҳамлаҳои хакерӣ харид кунед ва маълумоти шахсиву корти кредитиатонро ворид кунед.

2. Барои ҳар як саҳифаатон номи корбарӣ ва рамзи нодир гузоред. Аксар мағозаҳои интернетӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки дар вебсайти онҳо саҳифа боз кунед, то маълумоти шахсӣ ва рақами корти кредитии Шуморо барои хариди оянда дар системаашон нигоҳ доранд. Агар шумо дар мағозаҳои гуногуни интернетӣ панҷ саҳифа дошта бошед, аммо барои онҳо як ном ва рамзро истифода мекунед, пас вақте хакер ба як саҳифаи Шумо дастрасӣ пайдо кунад, имкон дорад, ки ӯ ба саҳифаҳои боқимонда низ дастрасӣ пайдо кунад.

3. Ҳеҷ гоҳ бевосита ба пайванди эълонҳои таблиғӣ клик накунед. Бисёре аз ҳакерҳо барои ҷалби истеъмолкунандагон ва дуздии маълумоти онҳо ҳамлаҳои фишингиро истифода мебаранд. Онҳо барои расидан ба мақсадҳояшон нусхаи мактубҳои электронӣ ва вебсайти мағозаҳои онлайнии маъмулро истифода мебаранд. Онҳо метавонанд нусхаи дақиқи вебсайти мағозаро чунон тартиб диҳанд, ки то қурбонии қаллобӣ шуданатон онро пай нахоҳед бурд. Аз ин рӯ, агар таблиғ барои шумо ҷолиб намояд, беҳтараш суроғаи мағозаи дӯстдоштаатонро ҳуруфчинӣ намоед. Албатта, ин каме вазнин ва вақтро талаб мекунад, аммо баъдан шумо боварӣ пайдо мекунед, ба сайти бехатар ворид мешавед.

4. Ҳангоми харид дар интернет ҳеҷ гоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ Wi-Fi-и ройгонро истифода набаред. Ҳакерҳо Wi-Fi-и ройгонро дӯст медоранд, зеро дастрасӣ ба дастгоҳи шумо ва тавассути он дуздии маълумоти шахсиатон осон мегардад. Ҳангоми истифодаи интернети умумӣ, маълумоти шумо одатан рамзгузорӣ намешавад. Ғайр аз он, ҳакерҳо метавонанд худ нуқтаҳои қалбакии Wi-Fi созанд ва вақте шумо ба шабакаи онҳо пайваст мешавед, ба дастгоҳи шумо дастрасии комилро пайдо мекунанд.

5. Амалиёти корти кредитии худро ҳар рӯз тафтиш кунед ва хароҷоҳоятонро бодиққат омӯзед. Инчунин барои хариди онлайнӣ дар як моҳ маҳдудият ҷорӣ намоед. Ҳамин тариқ, қаллобон бо маҳдудияти шумо дучор шуда, наметавонанд ҳама маблағи дар ҳисобатон бударо сарф намоянд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!