Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгардро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда буданд.

Лекин тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт хабар доданд, дар робита ба буҳрони соли гузашта корҳои таъмиру навсозӣ боздошта шудаанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019 таҳия шудааст.

Тарҳи пул

- Лоиҳа дар давраи то буҳрон, замоне, ки таъмиру навсозии ҳамаи пулҳо дар пойтахт оғоз гардид, таҳия шуд, - шарҳ доданд дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ. - Бо назардошти он ки пул хеле бузург ва 2-то аст, буҷеташ ҳам бояд ба он мувофиқ бошад. Гузашта аз ин, пул тариқи яке аз хиёбонҳои асосии шаҳр мегузарад, ки ин ҳам андешидани тадбирҳои дахлдорро тақозо мекунад. Бар асари буҳрони соли 2020 татбиқи лоиҳа боздошта шуда, дар давраи нисбатан мусоид барқарор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.