Соли 2020 зиёда аз 410 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки 909 ҳазор нафар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тавре Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, мувофиқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо беш аз 350 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд. Шумори сайёҳони хориҷӣ дар муқоиса бо соли 2019 ба андозаи 72,2% кам шудааст.
Дар ин давра ҳудуди 332 ҳазор нафар сайёҳон аз кишварҳои ИДМ ва 18,5 ҳазор нафар – аз кишварҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон омадаанд. Шумори аз ҳама бештари вуруд аз Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон ва ИМА сабт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2020 ба хориҷи кишвар рафтаанд, 740 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 33% камтар мебошад.
Теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ дар соли гузашта 54 адад зиёд шуда, айни замон дар ҷумҳурӣ 215 ширкати сайёҳӣ амал доранд.
Дар ҷумҳурӣ 188 меҳмонхона, 26 хостелу мотел (хобгоҳҳо), 46 осоишгоҳ, 8 маркази истироҳату солимӣ, 10 хонаи истироҳат, 1 пансионат (осоишгоҳ), 1 кемпинг ва 4 пойгоҳи сайёҳӣ фаъолият мекунанд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон барои танзими низоми хизматгузорӣ дар ин соҳа ба таъсиси Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасониҳои сайёҳӣ шурӯъ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста