Арабистони Саудӣ то 31 март сарҳадҳояшро баста боқӣ мемонад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии ин кишвар.
Ин қарор рӯзи 8 январ дар робита ба зарурати пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави штамми “бритониёӣ” қабул шуд. Ин вирус бештар сирояткунанда арзёбӣ мешавад.
“Мутобиқи нақшаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, агар вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бад нашавад, алоқаи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ охири моҳи март барқарор карда мешавад”, - хабар медиҳад Al Arabiya.
Қаблан зикр гардида буд, ки аз нимаи моҳи январ сарҳадҳо барои зойирин аз ҳамаи кишварҳо бо тадбирҳои маҳдудкунанда боз мешаванд. Ҳукуматдорон ба нақша гирифта буданд, ки вурудро танҳо ба шаҳрвандони синни аз 18 то 50-сола иҷоза диҳанд, то ки барои пиронсолон хатар эҷод нашавад.
Сипас ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки ба сафарбарии шаҳрвандон ба Макка ва Мадина машғуланд, хабар доданд, ки сафари гурӯҳи аввали ибодаткунандагон охири моҳи январи соли 2021 сурат мегирад.
Саъдулло Қурбонов, роҳбари ширкати сайёҳии “Расулсохтмон”, ки ба сафарбарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷҷи умра машғул аст, ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда буд, ки сафари зойирин бинобар сабаби қарори ҳукумати Арабистони Саудӣ мавқуф гузошта шудааст. Дар Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дода буданд, ки алҳол дар ин хусус огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.
Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо мақсади анҷоми маросими Ҳаҷи умра охири моҳи феврали соли 2020 бар асари хуруҷи коронавирус боздошта шуд.
Дар Кумита зикр карда буданд, ки дар сурати бекор шудани сафар, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад. Шӯрои уламо бошад, ба зойирин тавсия дод, ки маблағи барои адои маросими ҳаҷ ҷамъовардаашонро ба корҳои хайру эҳсон ва рушду шукуфоии кишвар сарф кунанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои адои яке аз рукнҳои ҳатмии ислом ба Арабистони Саудӣ роҳ пеш мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти фурӯшандаи силоҳи сард дар Душанбе
“Истиқлол” машқҳои омодагиро дар Туркия мегузаронад
Қиссаи Намоз, ки бо гитор рӯз ба сар мебарад
Истеҳсоли барқ дар неругоҳи Роғун 53% афзуд
Ёдгор Файзов барои камбуди барқ аз сокинони ВМКБ узр пурсид
Чӣ хел шабакаҳои иҷтимоӣ афкори моро тағйир медиҳанд?
Ширкати суғуртаи Чин дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад
Барои пешгирии оқибатҳои пандемия Тоҷикистон аз БРСММ кумак хост
Оғози мавсими намоишҳои театри касбӣ дар Тоҷикистон
Сокини Ёвон барои куштани ҳамсари ҳомилааш ба 22 соли зиндон маҳкум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста