Шоми бевақти дирӯз, 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд.
Дар ин робита Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон изҳорот пахш намуда, ин маълумотро бардурӯғ унвон кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар обанбори Қайроққум ҳеҷ гуна ҳодисае рух надода, он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба мисли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари ҳамсоя аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳо бовар накунанд.
Тибқи маълумоти хабаргузории “Кун.уз”-и Ӯзбекистон, овозаҳо дар бораи гӯё рахна шудани сарбанд байни аҳолии чанде аз ноҳияҳои вилояти Сирдарё нигарониву ташвиши зиёде ба бор овардааст.
Гуфта мешавад, бархе аз сокинони ноҳияҳои Сардоб, Мирзообод ва Оқолтин шитобкорона манзилҳои худро тарк карда, дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои зикршуда ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд омадааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти фурӯшандаи силоҳи сард дар Душанбе
“Истиқлол” машқҳои омодагиро дар Туркия мегузаронад
Қиссаи Намоз, ки бо гитор рӯз ба сар мебарад
Истеҳсоли барқ дар неругоҳи Роғун 53% афзуд
Ёдгор Файзов барои камбуди барқ аз сокинони ВМКБ узр пурсид
Чӣ хел шабакаҳои иҷтимоӣ афкори моро тағйир медиҳанд?
Ширкати суғуртаи Чин дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад
Барои пешгирии оқибатҳои пандемия Тоҷикистон аз БРСММ кумак хост
Оғози мавсими намоишҳои театри касбӣ дар Тоҷикистон
Сокини Ёвон барои куштани ҳамсари ҳомилааш ба 22 соли зиндон маҳкум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста