Бемории ҳамагири коронавирус бозори мардикорон дар Суғдро “касод” кардааст. Онҳо аз кам будани корфармоён, арзон шудани  нархи корашон ва болоравии арзиши хӯрокворӣ дар  бозор  изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар шимоли Тоҷикистон  асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ғафуров, Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент мадикорбозор мавҷуд аст.  Нафарони зиёде барои пайдо кардани қути лоямут  ва таъмини зиндагии худу хонаводаашон барои дарфёти маблағ ин ҷо ҷамъ меоянд.   

Дар дигар минтақаҳои вилоят ҳам мардикорон ҳастанд, вале онҳо дар ҷойи муайяне ҷамъ намешаванд ва тибқи фармоиши корфармо кор мекунанд. Мардикорбозори Хуҷанд, ки аз калонтарин бозори корҷӯён дар вилоят маҳсуб меёбад, дар маҳаллаи Гулистон ва 34-уми шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, ҳамарӯза  даҳҳо тан аз сокинони бекор интизори корфармо ҳастанд.  Афзалшоҳ сокини Панҷакент яке аз онҳо аст. Ӯ дар сӯҳбат ба “Азия плюс” гуфт, пеш Русия мерафт, қабл аз баста шудани марҳзо ба Тоҷикистон омад ва бо сабаби маҳкам будани сарҳад ҳоло ба он ҷо рафта наметавонд.

“Зиндагиро пеш бурдан лозим, аз Панҷакент барои кор ба Хуҷанд омадам. Ҳоло кор кам? одам бисёр, ҳаво хунук аст.  Аз дастам қариб, ки ҳама кори сохтмон  меояд. Дар Русия устоӣ мекардам. Ин ҷо омада, қарздор шудам ва рӯзгорамро ба душворӣ пеш мебарам”.-таъкид кард Афзалшоҳ

Ширинбек  Хизирбеков сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ҳоло ҳам наметавонад, ки  дигарбора ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравад. Ӯ 6-7  соли ахир  ризқу рӯзиашро аз Русия пайдо мекард. Беш аз як сол мешавад, ки  мисли даҳҳо нафари дигар дар мардикорбозор аст.  Паст рафтани нархи кор ва болоравии арзиши маҳсулоти ниёзи аввал дар бозор Ширинбекро ҳам нигарон кардааст.


“Пеш рӯзи кориамон 120-130 сомонӣ буд, ҳоло 30-40 ва аз ҳама баландаш 50  сомонӣ аст. Пеш роҳҳо кушодагӣ буд,  дар ин ҷо одам кам буд, бисёр нафарон ба  Русия рафта зиндагиашро медиданд. Аз сабаби баста  будани роҳҳо ҳамарӯза  бачаҳои  нав  ба ин ҷо  омада меистанд. Маҷбур, бо нархи паст ҳам кор мекунем, агар мо наравем дигарҳо  мераванд. Мисол дуздӣкунем давлат ҳабс мекунад, зиндагиро таъмин кардан даркор. Ҳозир нархи як килограмм равған 19 сомонӣ аст. Мисол агар 5 килогарммиашро бихарем гӯем 96 сомонӣ мешавад, ду рӯз кор кардан лозим,  боз аз нӯги вай  ба хона нон бурдан даркор”,-мегӯяд Ширинбек.

Мардикорбозори Истаравшан низ яке аз калонтарин бозори корҷӯён ба шумор меравад, ки аз ноҳияҳои гирду тароф мардум сарҷамъ мешаванд. Мурод як нафар мардикор  ба “Азия плюс”  гуфт, мардикорон дар бозор зиёд ҳастанд, кор худаш кариб ки нест,  зудтар роҳҳо кушода шаваду мардум ҳисоби зиндагиашонро ёбанд. 

“Ҳаво хунук, дар ин вақт мардум сохтмон намекунад, ки рафта ягон корашонро кунем. Боз роҳҳо маҳкам аст, коргарон дар ин ҷо зиёд ҳастанд,   ҳама як бурда нон ёбем гуфта меоянд, ҳолатҳое мешавад, ки  баъзан  ҳатто  ҳафтае кор намеёбем. Қурби доллар боло рафтагӣ гуфта нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ  ҳам қиммат шудагӣ ”,-гуфт Мурод

Тавре аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят иттилоъ доданд, дар моҳи декабри соли гузашта дар ҳуддуи шаҳру навоҳии вилоят беш аз 7900 нафари бекор сабти ном  шудаанд, ки аз ин зиёда аз 4 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти ин ниҳод давоми соли 2020-ум дар маҷмӯъ 20 ҳазору 287 нафар бо ҷои кор таъмин шудаанд, ки ин шумора нисбати соли гузашта наздики 1000 нафар зиёд мебошад. Инчунин 3500 нафар дар ин давра ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки барои бо кор таъмин кардани бекорон соли гузашта, дар шаҳру навоҳии вилоят 289 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронидааст.

Asia-Plus

Мушоҳидаҳо ҳам нишон медиҳанд, маоше ки дар ин ярмаркаҳо пешниҳод мегарданд аз 450 то 3 ҳазор сомониро дар бар мегиранд ва музди миёнаи маош ҷойҳои кории холӣ (вакансия) беш аз 700 сомонӣ  аст.  Маошҳои баланд асосан барои мутахассисони соҳаи маъдантозакунӣ ва канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ, тарҷумонҳои забонҳои хориҷӣ махсусан  хитоӣ ва монанди инҳо  пешниҳод карда мешавад.

“Намояндагони шуғли аҳолӣ омадан,  аммо шароити кори пешниҳоднамудаашон барои мо мувофиқ нест.  Ними  маблағро барои хӯроки нисфирӯзӣ ва  роҳкиро сарф кунӣ агар 1000 сомонӣ маош бошад 500 сомони боқӣ мемонад. Аз вай дида дар ҳамин ҷо  ба 30-40 сомонӣ кор кунем беҳтар аст, чун худамон ба худамон хӯҷаин ҳастем”,- мегӯяд Ширинбек Хизирбеков

Ба андешаи коршиносон хисороти пандемия то ҳол ҳудуди 7 триллион доллари амрикоӣ дар ҷаҳон арзёбӣ гардида, ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсири назарраси худро гузоштааст, ки паёмадҳои он аз буҳронҳои молиявӣ ҳам бештар маънидод  мешавад. Мардикорон ҳам мегӯянд, ки зудтар пандемия тамом шаваду роҳҳо боз гарданд ва  мо аз пайи зиндагиамон шавем, вагарна бо ин аҳвол зиндагӣ кардан мушкил аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.