Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе  курсҳои тайёр кардани ронандагони дараҷаи “Д”-ро ташкил мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, минбаъд пас аз хатми курсҳо онҳо ба сифати ронандаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, аз ҷумла автобусҳои “АКИА” бо кор таъмин карда мешаванд.

Курсҳо барои ронандагони имконпазир аз ҳиосби корхонаҳои дар боло зикршуда роҳандозӣ мешаванд.

Тавре қаблан хабар дода будем, айни замон корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт таъҷилан ба 200 нафар ронандагони автобусу троллейбусҳо ниёз доранд.

Танҳо сокинони шаҳри Душанбе ба кор қабул шуда, музди меҳнаташон аз 1,5 ҳазор сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.