Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтхт Рустами Эмомалӣ бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)-роро мавриди истифода қарор доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии ДМТ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.

Бино аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.

Дар идома дар бинои ҳамин факултет Осорхонаи Пешвои мавриди истифода қарор гирифт. Таъсиси Осорхона меҳрнома ва арзи сипоси ҳайати зиёда аз дуҳазорнафараи  кормандону олимон ва зиёда аз 25-ҳазорнафараи донишҷӯёни Донишгоҳ ба хатмкардаи факултаи иқтисодиёти Донишгоҳ дар солҳои 1977-1982, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас бо иштироки президент ва раиси пойтахт хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шуд. Хобгоҳ аз таҳхона, 12 ошёна ва 207 ҳуҷраи хоб барои донишҷӯён иборат буда, дар маҷмӯъ барои бештар аз ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Хобгоҳ ҳамзамон аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар маҷмӯъ ҳар як ошёнаи хобгоҳ дорои толор барои дарстайёркунӣ ва ошхона, ҳаммом ва дигар утоқҳои зарурӣ мебошад.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо масъулон ҷиҳати истифодаи пурра аз шароити фароҳамгардида ва ба роҳ мондани курсҳои забономӯзию касбу ҳунарҳои муосир барои донишҷӯён дар хобгоҳҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

1/30

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.