Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар машварати васеи назди раиси ВМКБ аз сатҳи иштироки намояндаҳои ВМКБ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва мушкилоти маорифи вилоят, аз ҷумла иҷрои барномаи компутаркунонии мактабҳои вилоят нигаронии шадид кардааст.

Дар қисмате аз суханронии раиси ВМКБ, ки онро телевизиони “Бадахшон” нашр кардааст, дида мешавад, ки Ёдгор Файзов дар мавриди муаллимони информатика ва донишу сатҳи дарсгузарии онҳо бо шубҳа бархӯрд мекунад ва татбиқи «Барномаи давлати амалӣ ​ намудани технологияи иттилоотӣ-комуникатсионӣ дар муассисаҳои​ ​ таҳсилоти умумии​ Ҷумҳурии Тоҷиктисон барои​ ​ солҳои​ 2018-2022”-ро зери савол мегузорад.

“Мактабҳое, ки шароиташон хеле вазнин аст, ҳам аз нуқтаи назари гармиву хунукӣ, ҳам аз лиҳози донишу маблағ ва ҳам аз нуқтаи назари набудани мутахассисони соҳиб касб, то чӣ андоза ҳамин барнома барои ҳамаи мактабҳо зарур аст. Бисёре аз созмонҳои хориҷӣ пешниҳод карданд, ки ин барнома бояд дар мактабҳо набошад. Ин бояд ба таври хусусӣ бошад. Дар ҳар як деҳа, дар маркази ҷамоат, мисле ҳозир дар шаҳру дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ карда истодаанд, якто маркази омӯзиши компютер бошад. Онҷо бояд компютери ҳозиразамон бошад, интернет бошад, мутахассис бошад, ки ёд диҳад. Чунки бисёре аз муаллимоне, ки информатика дарс медиҳанд, ба маънои он пурра сарфаҳм намераванд.  Худашон аз компутар истифода бурда наметавонанд”.

Ёдгор Файзов дар мавриди иштироки намояндаҳои ВМКБ дар даври ҷумҳурявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нигаронӣ карда, мегӯяд, ки аз вилоят дар ин озмун шумораи кам иштирок кард. Ба гуфтаи раиси вилоят, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки сарпарасти вилоят ҳам будааст, низ эрод гирифтааст, ки ягон раиси шаҳру ноҳия ягон бор рафта, дар давраи омодагаӣ ва баргузории ин озмун як дақиқа иштирок накардааст.

“Тавре Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, инчунин сарпарасти вилоят гуфтанд, дар ягон шаҳру ноҳия ягон раис ҳадди ақал як соат дар ҳамин озмун ширкат наварзид, ки ҳам худаш истироҳат кунаду ғизои маънавӣ гирад ва ҳам ба ширкаткунандагону муаллимон ва хонандагон эҳтиром ва дастгирии худро нишон диҳад. Минбаъд вазифадор карданд, ки раиси вилоят, раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо бояд худашон ҳам дар ин озмунҳо ширкат кунанд”.

Дафтари матбуоти раиси вилоят ҳам аз ин нишаст иттилоъ дода, таъкид мекунад, ки “Ёдгор  Файзов аз иштироки ғайрифаъоли​ табақаҳои гуногуни​ вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳори нигарони намуда баён дошт, ки​ дар баробари толибилмони муассисаҳои таълимӣ, бояд​ донишҷуёни донишгоҳ, коллеҷи тиббӣ ва аъзоёни Бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда, маҳорати​ баланди донишандӯзии худро нишон диҳанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.