Аз 28 январ дар шаҳри Душанбе равуои троллейбусҳо бо хатсайри №9 барқарор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Ҳаракати троллейбусҳо бо хатсайри зикршуда қариб ду сол пеш бо сабаби корҳои таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ қатъ гардида буд.

Хатсайр аз Комбинати равған (Масложиркомбинат) то маҳаллаи “Обшорон” равуо карда, ба мусофирон троллейбусҳои бидуни алоқаи тамғаи БК 32100D хизмат мерасонанд.

Троллейбусҳои хатсайри нав дар хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Садриддин Айнӣ ҳаракат мекунанд.

Гуфта мешавад пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи “Белкоммунмаш”-и Белорус мебошанд. Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Ин троллейбусҳо ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).

Ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба ҳаракат оғоз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.