Аз моҳи сентябр нафақаи кӯдакони то синни 18-сола 20 дар сад ва маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50% зиёд карда мешавад. Ин дастурро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти марбутаи давлат дод.  

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи маъюбони дигар низ 20 дар сад зиёд карда шавад. 

Ӯ иброз намуд, ки дар асоси қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»,  «нафақаи кӯдакони маъюб ба андозаи 20 фоиз ва маъюбони гурӯҳи якум 50 дарсад зиёд карда мешавад. То зиндагии афроди  осебпазири  ҷомеа беҳтар карда шавад». 

Ҳамзамон Президенти кишвар ба ҳукумат супориш дод, ки барои бунёди се мактаб-интернати президентӣ барои  ятимони кулл дар вилояти Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯйӣ намоянд. 

Гуфта шуд, ки дар ин муассисаҳо низ мисли мактабҳои байналмилалӣ шароити беҳтарини дарсӣ ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.Ӯ Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Директсияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро вазифадор кард, ки то аввали моҳи октябр лоиҳаи ин муассисаҳо таҳия ва барои мувофиқа ба роҳбари давлат пешниҳод кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.