Дар Рӯзи байнулмилалии тақдими китоб (14 феврал) мо чун соли пешин, тасмим гирифтем, ки китобҳои ҷамъовардаамонро ба Муассисаи ислоҳии кӯдаконаи шаҳри Душанбе тақдим кунем.

Ҳамагӣ беш аз 100 китоб бо забонҳои тоҷикиву русӣ тақдим шуд. Қисмати асосии китобҳо бадеӣ буда, ҳам барои калонсолону ҳам хурдсолон пешбинӣ шудаанд.

Байни китобҳои тақдимшуда асарҳои классикон ва адибони муосир ҳастанд, ки натанҳо аз ҷониби кормандони “Азия-Плюс”, балки хонандагони мо низ ҷамъоварӣ шудаанд.

Айни замон дар ин муассиса 43 нафар наврасон адои ҷазо мекунанд. Ба ғайр аз таълим тибқи барномаи мактабӣ, наврасон ба бозиҳои футболу волейбол, теннис ва шоҳмот машғул буда, китоб ҳам мехонанд.

Наврасон аз туҳфаҳо хурсанд шуда, дар бораи майлашон ба китобхонӣ, аз китобҳои писанд омадаашон нақл карданд ва яке аз онҳо шеъре ҳам қироат кард. Тафсилот дар гузориши видеоии мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.