Айни замон ба тавозуни шаҳри Душанбе гузаронидани 7 ҳазору 659 гектар заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ бо маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти онҳо ҷараён дорад.

“Ин заминҳо байни 3 ноҳия - Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ тақсим мешаванд. Масъалаи ташкили ноҳияи нав дар Душанбе алҳол баррасӣ намешавад”, - изҳор дошт зимни нишасти хабарии 18 феврал муовини аввали раиси пойтахт Амирхон Қурбонзода.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи нақшаи генералӣ, аҳолии шаҳри Душанбе дар марҳилаи аввал ба 1,2 млн ва минбаъд то 2 млн нафар мерасад.

“Дар ин робита бунёди зербинои зарурӣ бо назардошти афзоиши шумори аҳолии пойтахт ба нақша гирифта шудааст”, - шарҳ дод Қурбонзода.

Қаблан вобаста ба васеъ шудани қаламрави пойтахт миёни аҳли зиёиён масъалаи зарурати таъсиси ноҳияи нав баррасӣ шуда, сари номгузории он баҳсҳо ба миён омада буданд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали соли 2020 Маҷлиси пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи муқаррар намудани ҳудудҳои нави шаҳр тасдиқ кард.

Мувофиқи ин қарор, ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 7,66 гектар васеъ шуда, ба 20,32 ҳазор гектар расонида шуд.

Мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр, ин ҳудуд соли 2040 то 25 ҳазор гектар ва пас аз соли 2040 - то ба 30 ҳазор гектар васеъ мешавад.

Васеъшавии ҳудуд (қаламрав)-и шаҳр бо назардошти афзоиши шумори аҳолии пойтахт ба ҳисоб гирифта шудааст.

Бино ба пешгӯйиҳо дар ин маврид, то он замон шумори аҳолии пойтахти Тоҷикистон то 1,5 млн нафар зиёд шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.