Хабари ба командаи Ҷо Байден, раисҷумҳури тозаинтихоби ИМА ба кор даъват шудани як тоҷикдухтар бо номи Дилафрӯз Хоникбоева аз дирӯз дар сархати шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Бисёриҳо суол медиҳанд, ки ӯ кист, дар куҷо таваллуд шудааст ва чӣ гуна ба ин мақом расидааст? “Азия-плюс” ба ин суоли хонандагон посух пайдо кард.

Гап сари ин аст, ки дар ҳақиқат Дилафрӯз Хоникбоева, тоҷикдухтари зодаи Тоҷикистон мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳукумати Ҷон Байден ба кор даъват шудааст.

Бисёриҳоро ин паҳлӯи хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳайратзада кардааст, ки чӣ гуна Хоникбоева ба командаи Ҷо Байден пайвастаст. Албатта мансабе, ки Дилафрӯз ба он расидааст, марбут ба командаи мустақими Байден нест, аммо як мансаби хеле баланд ба ҳисоб меояд. Хусусан роҳи Хоникбоеваро барои расидан ба мансабҳои калонтар дар сиёсати ИМА ҳамвортар мекунад.

Фирории ҷанги шаҳрвандӣ

Дилафрӯз худ дар саҳфааш дар Инстаграм нашр карда буд, ки дар мансаби нав савганд ёд кардааст ва ба кор пардохтааст.

Аз пойгоҳҳои амрикоӣ
Акс аз расонаҳои амрикоӣ

Ӯ навишт, ки “ман ба ҳайси мушовири аршади сиёсии барномарезӣ ва сиёсатгузорӣ ва омӯзиши USAID ба ҳукумати Байден-Ҳаррис пайвастам. Ин як фурсате аст, пеш аз ҳама барои дидгоҳҳои гуногун".

Дилафрӯз ҳамчунин навиштааст, ки ин кор барояш хеле муҳим аст ва наметавонист ба танҳоӣ чизеро анҷом диҳад. “Ман қудрати ёриро медонам: Ёрӣ ба хонаводаҳои мисли ман зиндамонда. Зеро мо ҳам ҷанги дохилиро пушти сар кардем. Ман ҳамчунин ҳудудҳои нобинои онро низ медонам, ки чӣ гуна рушдро истеъмор мекунем”.

Хоникбоева ҳамчунин навиштааст: «Барои ман ин кор комилан шахсӣ аст. Мо ба танҳоӣ наметавонем ба натиҷае бирасем. Ман рӯйи шонаҳои модару падарам, бобову бибиам, гузашагонам ва ҷомеаи худ истодаам. Ман хушбахтам, ки аз нафарони беҳтаре мисли волидайнам, ҳамсарам, бародарам маслиҳату машварат мегирам. Ман хушшонсам, ки кормандони муъҷизакори USAID-ро пуштибонӣ мекунам».

Хоникбоева кист?

Ӯ дар Истаграм ба таври кӯтоҳ худашро ин гуна муаррифӣ кардааст: “Ман як ҷавонзани тоҷики померии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш аз Тоҷикистон хонаводаи мо муҳоҷират кард. Мо одамони хуберо таҷриба кардем, бар ин назар буданд, ки ёрӣ, муҳоҷират ва кӯмак ба ҳамсояҳо ҳамон ормонҳои амрикоиянд. Барои ман шарафи бузурге аст, ки дар хидмати онҳо ва ин кишвар бошам”.

Акс аз солҳои аввали муҳоҷирати хонаводаашон ба ИМА
Акс аз саҳфаи Инстаграми Дилафрӯз

Дилафруз Хоникбоева, соли 1988 дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст. Падараш Карамалишо Хоникбоев, солҳои 90-ум дар Бунёди Оқохон дар Хоруғ кору фаъолият намуда, модараш Зарифамо Асламшоева аввалин ровии  ТВ “Бадахшон” дар солҳои 80-90 дар Хоруғ будааст.

Соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамаги 7 сол дошта ва бародараш Самандар 3-сола будааст. 

Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар донишгоҳи Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад. Баъдан дар заминаҳои мудирияти  буҳрон, мутахассиси ҳалли низоъҳо, ҳолатҳои буҳронӣ ва таъсири тағирёбии иқлим ба тамоми ҷабҳаҳои зиндагии инсонҳо таҳсил ва омӯзиш кардааст.

Роҳ ба сӯйи сиёсатҳои бузург

Акси арӯсии Дилафрӯз
Акс аз саҳфаи Инстаграми Дилафрӯз

Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.

Баъдан як бурсияи муҳими ҳукумати ИМА Presidential leadership scholars-ро дарёфт мекунад. Ин бурсия дар ИМА хеле бонуфуз аст, ки роҳи соҳибонашро барои рушд ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷомеа хеле ҳамвор мекунад.

Дилафрӯз соли 2019 хонадор шудааст ва узви раёсати созмони People Tajikistan in America мебошад. Дар шарҳи ҳолаш дар гуфта мешавад, ки забонҳои тоҷикӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва русиро медонад.

Собиқаи кори кӯтоҳ дар CNN-ро ҳам дорад.

Модараш ҳоло дар шабакаи маъруфи CNN дар Амрико кор мекунад ва падараш ҳам корманди ширкати маъруфи “Боинг” аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.