Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими намоишҳои театрҳои касбӣ  оғоз мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз рӯзи 3-юми апрел оғоз гардида, аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ  дар ду мавсим доир мегардад.

«Дар мавсими аввали он спектаклҳо рӯзҳои 3, 10, 17, 24  апрел, 8, 15 май ва 12 июни соли равон  дар Театри давлатии академии драмавии ба номи  А. Лоҳутӣ, Театри  Опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ба саҳна гузошта мешаванд», - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, инчунин мавсими дуввуми намоиши спектаклҳо 2, 9, 16, 23, 30 октябр дар театрҳои болозикр доир мешавад.

Ба гуфти масъулини ин ниҳод, дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Таҳияи асарҳои нав дар репертуари муассисаҳои театрӣ аз моҳи апрел тартиб дода шудааст.

Ҳамчунин нимаи дуюми моҳи майи соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - «Парасту-2021» баргузор мегардад, ки тӯли як ҳафта мухлисони театрӣ метавонанд аз намоишҳои озмунӣ ба таври ройгон бархурдор гарданд.

Дар ин давра намоишҳои  «Хостгорӣ»-и  Антон Чехов,  «Гунҷишкакон ҳам механданд»-и  Кароматуллои Мирзо, «Гамлет»-и  У. Шекспир, «Хусрав ва Ширин»-и   А. Мӯсоев,  «Исфандиёр»-и  А. Фирдавсӣ, «Қиссаи ғамгину рангин»-и Тӯрахон Аҳмадхонов, «Туҳфа аз муҳоҷират»-и Шодӣ Солеҳ, «Хонума»-и А. Тсагерали, «Комде ва Мадан»-и  Зиёдулло Шаҳидӣ, «Ватандорӣ»-и Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳо  ба саҳна гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.