Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» қабули рӯзноманигорони шаҳрвандӣ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гуруҳи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои бахши тоҷикии худ, эълон мекунад.

Барои он ки шумо рӯзноманигори шаҳрвандии ин расонаи бонуфуз шавед, зарур нест, ки таҷриба ва собиқаи рӯзноманигорӣ ё кор дар расонаҳоро дошта бошед. Ҳатто маълумоти олии рӯзноманигорӣ низ муҳим нест.

Мо ба онҳое ниёз дорем, ки ба рушди ҷомеа дар Тоҷикистон бетараф нестанд, онҳоеро меҷӯйем, ки дар бораи рӯзгору таърихи ҷолиби инсонҳо ва ҳодисаҳо дар минтақаи худ барои тамоми кишвар ҳарфи гуфтан доранд.

Довталабони мақоми рӯзноманигори шаҳрвандӣ бар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Баъди интихоби довталабон, омӯзиши онлайнии инфиродӣ гузаронида мешавад, ки маҳоратҳои зерин фаро гирифта мешаванд:

Асосҳои рӯзноманигорӣ;

Шеваҳои ёфтани достонҳои ҷолиб;

Дарёфти иттилоъ ва чизҳои зиёди дигар.

Баъди омӯзиши онлайнӣ рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар идораи “Азия-Плюс” ба кор мепардозанд ва барои ҳар матлаби омодакардаашон ҳаққи қалами мувофиқ мегиранд.

Барои ширкат дар озмун, шумо бояд CV-и худро (дар ҳар шакле, ки бошад) ба почтаи [email protected]  ва якчанд идеяву мавзуъҳоро барои матлабҳои ояндаатон бифристед. Ҳамчунин зарур аст ин ДАРХОСТИ ОНЛАЙНИРО пур кунед. Дар номи мактуб зарур аст "Рӯзноманигори шаҳрвандӣ" ишора шавад.
Рӯзи охирини дархостҳо 10-уми март аст.

Ширкат дар лоиҳаи “Рӯзноманигории шаҳрвандӣ” фурсати хубест то шумо ба тими ин расонаи маъруфу муосир бипайвандед, аз назокатҳои рӯзноманигории муосир огоҳ шавед, равандҳои муосири расонаҳоро биомӯзед, эҷоди матлабҳои чандрасонаиро ёд гиред ва барои худ ихтисоси наве эҷод кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.