Намоз Умаровро дар Фархор ҳамагон мешиносанд. Ӯ дар хиёбонҳо гитор менавозад ва бо ин роҳ ризқи ҳамарӯза меёбад. Ҳамагӣ 10-15 сомонӣ дар як рӯз. Қисми ин маблағро ӯ ба шароб масраф мекунаду дар боқии он “Роллтон” мехарад.

Умаров дар ҳуҷраи танге бо шароити бад ва болои ин танҳо ба сар мебарад. Чанд сол пеш ӯро зану фарзандонаш партофта, ба Русия кӯч бастанд.

Зиндагӣ барояш хело сахт шудааст. Пирӣ ба эшон ғалаба карда, аммо аз сабабе, ки касе надорад, маҷбур аст бо ҳар роҳе набошад, бори сахти рӯзгорро худаш бар дӯш бигирад. Қаблан, ки ҷавонтар ва ҷисман боқувват буд, дар сохтмон кор мекарду зиндагиро аз он ҳисоб пеш мебурд.

Мегӯяд, аз хурдӣ ошиқи санъат буд. Замони мактабхонӣ найро моҳирона менавохт. Баъдан навохтани чандин асбобҳои дигарро низ азхуд намудааст. Ӯ имрӯз навозандаи хуби гитор аст. Соҳибҳунар будан Намозро дар сари пирӣ заррае ҳам бошад кӯмак кард.

Айни замон ӯ ба чанд тан шогирд касби худро ройгон меомӯзад. Умед бар он дорад, ки оянда шогирдони тарбияткардааш санъати ӯро равнақ медиҳанд ва номбардорӣ ӯ хоҳанд буд. Ва орзу дорад, то мактаби худро ташкил кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.