Дар моҳи марти соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз сокинони Тоҷикистон 13 рӯз истироҳат мекунанд.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, - шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Санаи 8 март ҳамасола дар Тоҷикистон иди Рӯзи модар ҷашн гирифта, мешавад ки рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил мегардад. Чун имсол 21 март ба рӯзи якшанбе рост меояд, мутобиқи меъёрҳои қонун, 25 март низ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат мешавад.

Ҳамин тариқ бо назардошти рӯзҳои ид ва истироҳат имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи март 13 рӯз: 6, 7, 8, 13, 14, 20, 21, 22, 23, 24, 25, 27 ва 28  март истироҳат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон имсол ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамасола бо ҳузури прездент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ гузаронида мешуд, таҷлил карда намешавад.

Имсол дар ҷашни Наврӯз меҳмонон аз хориҷа даъват нашудаанд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ҳунармандони Тоҷикистон, овозхонҳо, ҳунарпешаҳои театр театр ва фарҳангиёни дигар ширкат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.