Соли 1997 оилаи Диёно аз Афғонистон ба Тоҷикистон муҳоҷират карданд. Диёно Абдул Саттор ҳамагӣ 5 сол дошт, ки хонаводааш аз дасти “Толибон” сараввал аз Кобул ба Ӯзбекистон ва сипас ба Тоҷикистон фирор карданд.

Пас аз хатми мактаб, Диёно ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Таҳсилоти вай аз ҷониби Бунёди Олмон Эйнштейн дар доираи барномаи стипендияи DAFI, ки таҳсилоти кӯдакони гурезаро дастгирӣ мекунад, маблағгузорӣ карда шуд. Диёно аз аввали соли донишҷӯйи ҳамчун таҷрибаомӯз фаъолияти худро шурӯъ карда, ҳашт сол аст, ки ба ҳайси ҳамшираи шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи вилоятии сироятии Хуҷанд кор мекунад.

Ин духтари афғон, ки бо мақоми гуреза дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, бо тоҷикон муносибати хуб дошта, дар авҷи коронавирус дар сафи пеши муборизон қарор дошт: “Ман ҳар 14-15 рӯз як маротиба ба хона мерафтам. Мехостам дар хона бо модарам бештар вақт гузаронам. Аммо барои ба даст овардани маблағ ва пардохти иҷора маҷбур будам кор кунам. Вақте дар барои истироҳат ба хона мерафтам, аз маъмурияти беморхона занг мезананд, ман сари вақт ба ҷойи кор ҳозир мешудам. Воқеан он замон норасоии кормандони тиб ба назар мерасид”.

Оилаи Диёно дар деҳаи Деҳмойи ноҳияиҶаббор Расулов, шаш километр дуртар аз шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Ин оила аз шаш фарзанд–ду писар ва чор духтар иборат буда, яке аз хоҳарони Диёно гирифтори диабети қанд шуда, дар синни 10-солагӣ вафот кард. Пас Диёно тасмим гирифт, ки табиб мешавад, то тавонад беморонро табобат кунанд.

Хоҳари дигари Диёно бошад, факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, ҳоло дар маъмурияти донишгоҳ кор мекунад. Бародари калони Диёно низ Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, факултаи дандонпизишкиро хатм кардааст, аммо мегӯяд, ки наметавонад барои худ ҷойи кор пайдо кунад. Аз ҳама фарзанди хурдии ин оиланиз мактабро хатм кардааст. Апаи Диёно бошад, бо яке аз ҳамвататнони худ издивоҷ карда, ба ватанаш баргашту падараш бошад барои табобат ба Ҳиндустон рафт ва дигар бедарак гашт.


"Як орзу дорем: дар Хуҷанд зиндагӣ кунем, то духтарам зуд-зуд биёяд"

Карима Абдурашид, модари 50-солаи Диёно мегӯяд, ба хотири духтараш шабҳо хоб накарда, дуо мекард, ки ба ин беморӣ гирифтор нашавад: “Кумак расонидан ба як нафари дигар вазифаи инсонӣ дар ҳама ҳолат мебошад, чӣ ба бемор бошад ё каси дигар. Аммо ҳар дафъа пеш аз кор рафтани Диёно, ман дуо мекунам, ки вай бемор нашавад. Чунки бештари ҳамкорони Диёно дар авҷи коронавирус худ ба ин беморӣ гирифтор шуда, фавтиданд.

Ягона хоҳиши оилаи мо ин аст, ки дар маркази Хуҷанд зиндагӣ кунем, то духтаронам зуд-зуд ба назди ман омада, раванд. Роҳкиро аз шаҳри Хуҷанд ба деҳаи Деҳмой барои мо гарон аст. Мо 23 сол аст, ки бо корти гуреза зиндагӣ мекунем. Вақте мо барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кардем, онҳо рад карданд. Ҳатто ба мо иҷозатномаи зист надоданд.

–Мо мехоҳем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳадди ақал ба мо иҷозат диҳад, ки дар Хуҷанд зиндагӣ кунем, зеро ду духтарам дар Хуҷанд кор мекунанд. Яке муаллима, дигаре ҳамшираи шафқат.

"Тоҷик, аммо афғон"

Писари хурдиам дар ин ҷо таваллуд шудааст, вақте ба ӯ шаҳодатномаи таваллуд доданд, навишта шудааст, ки тоҷик, вале дар зер - афғон. Ягона саробон ва ноновари ман дар хона Диёно аст. Дар вақти хуруҷи коронавирус вай тамоман дар хона набуд, аз 18 то 25 шабонарӯз дар  ҷойи кор дар навбат буд. Агар духтари ман дар хона бимонад, оилаи моро кӣ нигоҳубин мекунад. Мо манзилро 700 сомонӣ ҷора мегирем, пули барқ ​​ва обро то 120-150 сомонӣ месупорем. Ҳатто шароит надорам, ки печкаи бобоӣ часпонем, чунки маблағе надорам, ки ангишт харидорӣ кунам”,-мегӯяд бо гиря модари Диёно.

Ба гуфтаи Карима, Диёно дар як моҳ 1000 сомонӣ даромад дорад, аммо вай намедонад, ки ин пулро ба чӣ масраф кунад: “Мо намедонем, ки барои иҷораи манзил, барои обу барқ ё барои роҳкирои духтаронам ин маблағро сарф кунем. Мо қаблан дар ҳама ҷо иҷоранишин будем ва азбаски шавҳарам бо мо зиндагӣ мекард, мо дар пардохти иҷора ҳеҷ мушкиле надоштем. ”

Гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон ҳамчун иҷоранишин зиндагӣ мекунанд ва иҷозаи харидани манзили шахсиро надоранд.

“Мо аз манъ шудани мизи идонаи замони коронавирус хуш шудем”

Карима мегӯяд, аз шунидани хабари манъ шудани дастархон дар идҳои Рамазону Қурбон дар давраи коронавирус хушҳол гашт, «мо чизе надоштем, ки дар назди меҳмонон мегузоштем. Ҳамсояҳои сарватманди мо дастархон омода карда буданд, аммо ман нарафтам. Агар ман мерафтам, онҳо низ ба хонаи ман меомаданд, аммо ман чизе надоштам, - мегӯяд вай бо ашки шашкатор.

Диёно мегӯяд, маоши ӯ дар як моҳ 1020-1060 сомонӣ аст: “Дар авҷи коронавирус 400 сомонӣ моҳҳои апрел ва май мукофотпулӣ гирифта будем.  Ҳатто дар тӯли 21 рӯз 2000 сомонӣ низ гирифта будам. Аксари беморон мегӯянд, ки онҳоро дар беморхонаи мо хуб нигоҳубин мекунанд. Он замон мо хоби муқаррарӣ надоштем. Вақт барои хӯрок хӯрдан намеёфтем. Баъзе аз табибон ва ҳамшираҳои шафқатро шавҳар ё дигар узви оилаашон барои ба кор омадан, иҷозат намедонанд. Бисёре аз ҳамкасбони мо бемор шуданд, аз ҷумла ҳамшираҳои шафқат ва чанд тан аз табибон, ки дар натиҷа фавтиданд”.


Вақте ки мо ба манзили иҷоравии ин оила рафтем, онҳо воқеан зиндагии вазнин доштанд. Барқ набуд, модари Диёно низ бемор буд, аммо онҳо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон худро бехатар эҳсос мекунанд ва таҳти ҳимояти созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, ки аз ҷониби дафтари Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR), қарор доранд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 325 аз соли 2000, гурезаҳо ва паноҳҷӯён иҷозат надоранд, ки дар шаҳрҳои калон ва минтақаҳои наздисарҳадии кишвар зиндагӣ кунанд. Имрӯзҳо гурезаҳои афғон дар чанд минтақаи Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Кушониён, Рӯдакӣ ва Ҷаббор Расулов ​зиндагӣ мекунанд.

Яъне, ҳар афғоне, ки то 26 апрели соли 2000 ба Тоҷикистон омада буд, ҳаққи зиндагӣ дар Душанберо дошт. Вале онҳое, ки аз ин ба баъд омадаанд ҳақ надоранд дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ кунад. Маҳдудияти ҷойи истиқомат барои оилаҳои гурезаҳои афғон, онҳоро аз шароити беҳтари зиндагӣ, аз ҷумла манзил ва кор маҳрум мекунад.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир тақрибан 7 миллион шаҳрвандони Афғонистон ҳамчун паноҳанда дар Покистон ва Эрон ба сар мебаранд. Тоҷикистон, як кишвари ҳамсоя ба ба Афғонистон аст, ки беш аз 6000 гурезаи ин кишварро пазируфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.