Дар Англия даври якуми Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика "IMAC - online" тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар ин Олимпиада 60 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи се категорияи синнусолӣ иштирок карданд.
Дар ин олимпиада аз фанни математика ҳудуди 10 ҳазор нафар хонадагон аз 28 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар натичаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи "IMAC - online" аз 60 нафар хонандагони Литсей 50 нафарашон барои иштирок ба даври финалии олимпиада, ки 8 майи соли равон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Қайд мешавад, ки дар литсей барои хонандагони болаёкати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гуруҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 150 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати литсей дар 6 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, боз дар 4 озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономузӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.
Бо истинод ба гуфтаҳои директори литсей Сурайё Негматова гуфта мешавад, дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия иштирок намуда, 39 медал – 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста