Давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 6,6 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд

Бино ба маълумоти Агенти омори ҷумҳурӣ, кумаки мазкур бо вазни умумии қариб 1,5 ҳазор тонна аз ҷониби 30 кишвари саросари дунё расонида шудааст.

Байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан зиёдтари қиёсӣ аз рӯйи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин – 32,5% рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 млн доллар кумаки башардӯстона фиристод, ки 37,3% аз ҳаҷми умумии чунин кумакро ташкил дод.

Ҳамчунин дар моҳҳои январ-феврали соли равон ҳиссаи Русия дар кумак ба Тоҷикистон (12,9%), Ҷумҳурии Корея (11,4%), Ҳиндустон (9,1%), Швейтсария (6,7%), Олмон (5,7%), Нидерланд (3,0%), ИМА, Ҷопон, Британияи Кабир (2,7%-ӣ) ва Шветсия (1,9%) назаррас аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.