Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки ба масири Душанбе-Тошканд-Душанбе боз як хатсайр (ҳамагӣ - 2 хатсайр) илова мекунад.

Аз ин ба баъд парвозҳо бо ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд: вақти парвоз рӯзи душанбе аз Душанбе - соати 09:30 ва аз Тошканд - 11:50 бо вақти маҳаллӣ; вақти парвоз рӯзи ҷумъа аз Душанбе - соати 09:20 ва аз Тошканд - соати 11:20 бо вақти маҳаллӣ, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Арзиши билет ба ин хатсайрҳо аз 1783 сомонӣ муқаррар шудааст.

Таъкид мешавад, ки мувофиқи қоидаҳои навшудаи Ӯзбекистон, мусофирони синни аз 2-сола боло ки аз хориҷа меоянд, бояд бо худ маълумотнома (справка) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус (бо методи ПЦР)-ро, ки тайи 72 соати охир бо натиҷаи манфӣ бо забони русӣ ва англисӣ дода шудааст, дошта бошанд.

Мусофирон бе натиҷаи тест, ки мутобиқи талабот ба расмият дароварда шудааст, ба хатсайри самти Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд. Ғайр аз ин, шахсон бо аломати COVID-19 ва натиҷаи мусбати ПСР-тест низ ба парвоз роҳ дода нахоҳанд шуд.

Ширкати ҳавопаймоӣ зикр мекунад, ки мусофироне, ки ба Душанбе меоянд, бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар аз Тошканд ба Душанберо доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 дар ҶТ) барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, инчунин шаҳрвнадони Русия, АМА, Туркия, Қазоқистон ва Русия, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон меоянд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба қаламрави кишвар лозим нест.

Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои бемории COVID-19 доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Тибқи талабот, кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи харидани билетҳо ба маркази хидматрасонии ширкат муроҷиат карда метавонед:

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

[email protected],

Ба намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тошканд, ширкати«APG UZBEKISTAN»:

+998 (71) 120 88 75,

Инчунин Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (93) 501 24 24,

+992 (90) 741 14 13,

+992 (98) 102 00 20,

+992 (93) 777 71 13,

+992 (98) 836 14 41.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.