Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти васоити ахбори умуми Қирғизистонро дар бораи истирдоди қирғизҳои этникӣ, ки дар ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунанд, рад кард.

Вазорат маълумоти дар сомонаҳои Қирғизистон нашршударо нодуруст ва ғайривоқеӣ унвон кард.

“Далелҳои дар маълумоти ВАО-и Қирғизистон зикршуда асоси воқеӣ надоранд. Дар ноҳияи Лахш ҳақиқатан ҳам қирғизҳои этникии дорои ду шаҳрвандӣ иқомат доранд. Ин падидаи маъмулӣ аст. Аммо ягон хел ҳолати шадидтар кардани назорати шиносномавӣ ва ихроҷ (истирдод)-и шаҳрвандон вуҷуд надорад”, - изҳор доштанд дар маркази матбуоти ВКД-и кишвар.

ВКД Тоҷикистон аз намояндагони ВАО дархост намуд, ки “аз мушкилтар кардани вазъияти бе ин ҳам шиддатнок худдорӣ варзида, хабарҳои нодурусту носанҷидаро нашр накунанд”.

Дастрас намудани шарҳи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва ҳукумати ноҳияи Лахш оид ба ин масъала ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, ВАО-и Қирғизистон менависанд, ки Тоҷикистон ба истирдоди сокинони ноҳияи Лахши дорои шиносномаи Қирғизистон оғоз кардааст.

“Касонеро, ки шаҳрвандии Қирғизистон доранд, ба маркази ноҳия бурда, талаб мекунанд, ки таъҷилан аз шиносномаи қирғизӣ даст кашанд ва шаҳрвандии Тоҷикистонро гиранд. Касонеро, ки ба ин розӣ намешаванд, тариқи гузаргоҳи “Қарамиқ” дар ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ош ба Қирғизистон истирдод мекунанд. Онҳо ҳатто барои ҷамъ кардани чизҳои худ фурсат намеёбанд”, - навишта буд хабаргузории қирғизии 24.kg бо истинод ба сокинони маҳаллӣ.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Лахш ба ҳайати ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон дохил мешавад. Ин ноҳия 10 марти соли 1931 дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон бо номи ноҳияи Ҷиргатол таъсис ёфт. Соли 2016 ба ноҳияи Лахш табдили ном кард.

Лахши Тоҷикистон дар шимол бо вилояти Ботканд ва дар шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи вилояти Оши Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.