Ҳукумати шаҳри Душанбе далели пайдо шудани обанбори сунъӣ дар зери пули гардиши фурудгоҳи Душанберо шарҳ дод.

Як масъули  ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳаҷми лӯлаи обкаши зери пул хурд аст.

“Дар сурате, ки борони шадид биборад, тавонии ба якборагӣ кашидани ин ҳама оби ҷамъшударо надорад. Имрӯз ҳам ин лӯлаи обкаш натавонист ҳамаи оби ҷамъшударо бикашад, ки ин сабаби банд мондани бархе аз мошинҳо шуд”.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони “Азия-Плюс” видео ва аксҳое фиристоданд, ки дида мешавад дар зери ин пул оби зиёди борон ҷамъ шудааст ва чандин мошинҳо дар он ҷо банд мондаанд. 

Дар ҳамин ҳол ин бори аввал нест, ки дар зери ин пул баъди боридани борони шадид ин гуна обанбор ё ҳавзи сунъӣ пайдо мешавад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрдории Душанбе интиқод кардаанд, ки бо вуҷуди солиёни зиёд сар задани ин мушкил, то ҳанӯз барои рафъи он чораҷӯйӣ накардааст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.