Фонди манзилию каммуналии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сокинони хиёбони Рӯдакӣ даъват кардааст, ки мавҷгирҳои моҳвораиро аз боми хонаҳояшон дур кунанд. Дар сурати саркашӣ, худи ин ниҳодин мавҷгирҳоро меканад.

Ҳафтае қабл Муассисаи давлатии « Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию каммуналӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз сокинони биное дар хиёбони Рӯдакӣ 91 хоҳиш карда буд, ки то 16 май тамоми мавҷгирҳои моҳвораиро аз болои бомҳо бигиранд, зеро онҳо намои зебои шаҳрро коста кардаанд.

Аз Фонди манзилию каммуналии ин ноҳия ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки  танҳо дар биноҳое, ки таъмир мешаванд, мавҷгирҳо барчида мешаванд.

«Ҳоло мо мавҷгирҳоро аз биноҳо гирифтем. Аввал ба таъмири бино халал мерасонанд, таъмири биноҳоро оғоз мекунем. Ин вазъ ба дигар ноҳияҳо ё биноҳои Душанбе дахл надорад. Шумо медонед, баъзе мавҷгирҳо чунон бад насб карда шудаанд, ки ба мо имкон намедиҳанд таъмири друст кунем. Ҳамин тавр, мо худамон онҳоро барчидем", - гуфтанд дар муассисаи мазкур.

Кормандони коммуналӣ мегӯянд, ки сокинони ин биноҳоро огоҳ кардаанд ва дар даромадгоҳи биноҳо эълонҳои барчидани мавҷгирҳоро низ овехтаанд. Онҳо ҳамчунин ба манзили ҳар кадоме аз онҳо рафта, масъаларо фаҳмонидаанд.

«Мутаассифона, ҳеҷ кадоме аз сокинон мавҷгирҳоро пеш аз муҳлат барначид ва мо инро худамон анҷом додем. Сокинон низ шикояте надоранд”.

Аммо, яке аз бошандагони бинои мазкур ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ба онҳо гуфтаанд, ки аз тамоми биноҳои канори роҳи ташрифотӣ, мавҷгирҳо барчида мешаванд ва  ин як дастури шаҳрдорӣ аст.

«Мо чӣ даъво карда метавонем, онҳо дар ҳар сурат мекананд мавҷгирҳоро ва иддао кардан маъно надорад. Мавҷгирҳо накандем, худашон омада, канда бурданд. Онҳо барои мо даркор ҳам набуданд. Далелашро он гуфтанд, ки зебоии шаҳрро коста мекардаанд ва монеът таъмири намои бино мешудаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин бори аввал нест, ки кормандони ҳукумати ноҳияи мазкур мавҷгирҳои моҳвораиро аз боми биноҳо бармечинанд.

Бояд гуфт, ки қаблан, 9 феврали соли равон, сокинони хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аксеро дар гурӯҳи "Мо тоҷикистониён" дар Фейсбук нашр карданд, ки дар он мақомот аз онҳо хоста буданд, ки мавҷгирҳоро аз болои бомҳо бардоранд. Дар сурати саркашӣ, онҳо ҳушдор дода буданд, ки худашон ин корро мекунанд. 

Ин навишта дар гурӯҳи "Мо тоҷикистониён" баҳсҳои зиёдеро ба бор овард ва сокинон шикоят карданд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад онҳоро маҷбур кунад, ки мавҷгирҳои моҳвораии худро барчинанд.

Аммо аз ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ он замон ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки ин фармони раиси шаҳри Душанбе аст.

Қонун чӣ мегӯяд…  


Ҳуқуқшиносони тоҷик он вақт ин мавзуъро ба «Азия-Плюс» шарҳ дода гуфта буданд, ки "агар хона давлатӣ нест, хусусӣ карда шуда бошад, тибқи қонун, соҳибони манзилҳо ҳаққи истифодаи амволи муштарак ва аз ҷумла бомҳоро доранд" – гуфта буданд.

Дар моддаи 6 қисми 4, Қонуни ҶТ «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёқабата ва ширкати соҳибмулкони манзил» омадааст:

"Молик ҳақ дорад моликияти умумиро, новобаста аз ҳиссаи ӯ дар ҳуқуқи моликияти муштарак истифода барад, ба истиснои моликияти умумии истифодаи маҳдуд. Қоидаҳои истифодаи моликияти умумиро маҷлиси умумии соҳибон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд".

Ҳамин тариқ, соҳибони биноҳои истиқоматӣ ба таври худ қарор медиҳанд, ки чӣ гуна моликияти умумиро истифода баранд, ба истиснои ҳолатҳои бозсозӣ ва баҳрабардорӣ, чун ин бо иҷозати мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ сурат мегирад.

Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" низ тасдиқ кард, ки "агар бинои истиқоматӣ ба соҳибони манзилҳо бо ҳуқуқи моликияти муштарак тааллуқ дошта бошад ва ҳамаи қисматҳои умумии он (таҳхона, қаламрави ҳамсоя, боми хона, зинапоя) амволи соҳибон, ҳуқуқ доранд, ки онҳоро тибқи қонунҳои амалкунанда истифода кунанд.

"Аммо, агар ин қарор бо он далел асоснок бошад, ки масалан, амавҷгирҳои моҳворавӣ намуди шаҳрро хароб мекунанд, пас ҳукумат ҳақ дорад чунин талабҳоро пеш гузорад, мегӯяд директори иҷроияи Иттифоқи истеъмокунандагон Илҳом Абидов. Аз тарафи дигар, агар ягон роҳи ҳалли масъала бошад, пас он бояд барои ҳама баробар бошад, на барои шаҳрвандони алоҳида ё биноҳои алоҳида", - гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.