Фонди Кувейтии рушди иқтисодӣ барои таҳияи арзёбии техникиву иқтисодии лоиҳаи роҳи мошингарди Ховалинг – Тавилдара кумаки молиявии бебозгашт медиҳад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки бо Фонди Кувейт дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расонад.

Дар санад гуфта мешавад, кумаки техникӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор динори кувейтӣ (наздики 1 млн доллар) ба ҷуз таҳияи асосноккунии техникиву фаннӣ, ба лоиҳакашии муҳандисии муфассал ва тартиб додани ҳуҷҷатгузории техникии ин роҳ равона мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, роҳи автомобилгарди Ховалинг-Шугнов-Тавилдара вилояти Хатлонро бо минтақаи назди Помир ва минтақаи Қаротегин тариқи ағбаи Хорсанг пайваст мекунад.


Масофаи роҳи мошингарди Ховалинг – Шугнов – Тавилдара тибқи ин лоиҳа 70 километр ва арзиши сохтмони он 91 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Айни замон роҳи мошингарди мустақим байни Ховалинг ва Тавилдара вуҷуд надорад. Барои бо мошин аз як ноҳия ба ноҳияи дигар рафтан ним давр тариқи Данғара, Ваҳдат, Файзобод ва Нуробод гузаштан лозим меояд. Масофаи ин роҳ бошад, ба 348 километр баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.