Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон ва оғози фасли тобистон, имсол дар Душанбе хотирмон пешвоз гирифта шуданд. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва ташкилоти қарзии “Ҳумо” барои сокинону меҳмонони пойтахт, бахусус кӯдакон як иди ҷолибу хотирмоне ташкил карданд. Чорабинӣ дар “Боғи Ирам” доир гардид.

Чӣ гуна, кадом бахшҳо ва кадом навъи бозиҳо он ҷо ташкил шуданд ва чанд нафар меҳмон омаданд? Ба ҳамаи ин навбатдори мо дар шаҳр ва яке аз ровиёни ҷашнвораи мазкур Орзу Исоев қисса хоҳад кард.

Шарики кулли ҷашн - ТҚХ “Ҳумо” буд. Шарикони расмӣ - ширкати “Оби зулол”, сафорати Олмон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. Шарики диҷитолии ҷашнвора бошад ширкати “МегаФонТоҷикистон" буд.