Масъулони вазорати тандурустӣ  мегӯянд, то имрӯз дар ҳеч озмоишгоҳе натиҷаи ташхиси мусбати гумонбарони гирифтор ба коронавирус сабти ном нашудааст. Имрӯз дар ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳамчунин дар кишвар то кунун ҳолатҳои дигарбораи сироятёбӣ ба COVID 19 сабт нашудааст.

Ин пойфишории Вазорат бар набудани мавридҳои тозаи сироятёбӣ ба коронавирус дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мардум аз гирифтор шудани пайвандону наздиконашон ба ин беморӣ навиштаанд ва ҳатто ҳолатҳои таъйидншудаи марг низ гуфта мешавад.

Дафтари матбуоти Вазорат мегӯяд сару садоҳои паҳншуда дар мавриди ин ки натиҷаҳои ташхис дар озмоишгоҳҳои хусусӣ мусбат гуфта мешаваду дар озмоишгоҳҳои давлатӣ манфӣ, асос надоранд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар сурати тасдиқ шудани ин беморӣ дар озмоишгоҳҳо Вазорати тандурустӣ, мардум огоҳ карда мешавад.

"То имрӯз ҳеч ҳодисаи монанд рух надодааст ва ягон озмоишгоҳҳои кишвар беморони гирифтори коронавирусро ба қайд нагирифтааст ва ба Вазорати тандурустӣ низ хабар дода нашудааст".

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 12 июн чанд манбаъҳо ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳамарӯза дар озмоишгоҳои гуногуни кишвар чандин ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда мешавад. 

«Дар озмоишгоҳи мо ҳамарӯза шумораи зиёди одамон аз санҷиши коронавирус мегузаранд. Дар тӯли ду ҳафтаи охир мо ҳар рӯз шумораи муайяни сироятёфтагонро ошкор мекардем. Масалан, 8 июн танҳо дар Душанбе коронавирус ҳангоми санҷиши тақрибан 100 нафар ошкор карда шуд », - гуфт як манбаъ дар озмоишгоҳи хусусии «Диамед», ки дар он аксарияти аҳолӣ аз ташхиси ПГР мегузаранд. Вале вазорат ин иттилоро рад кард.

Аммо аз озмоишгоҳи давлатии назди Хадамоти санитарию эпидемологии Вазорати тандурустӣ ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки онҳо аз аввали сол то имрӯз ягон натиҷаи мусбии коронавирусро сабти ном накардаанд. Ва мавридҳои расонаишударо “овозаҳои бардурӯғ дар озмоишгоҳҳои дигар” номиданд.

“Овозаҳо бархоста дар бораи ташхиси мусбати коронавирус дар як рӯз то 100 нафар, рост намеоянд. Агар чунин мебуд, ҳама беморхонаҳо пур мешуданд ”, - гуфтанд дар ин озмоишгоҳ.

Ҳамчунин ни ниҳод хуруҷи дигарбораи коронавирусро дар Тоҷикистон ва бар пайи он ба беморхонаҳо афтодани гирифторонро рад карданд.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ беморони дар беморхона бистаришударо гирифтори бемориҳои дигари шуш медонад, на коронавиурс.

«Ин афроди бемоне, ки дар беморхонаи маъруф ба “Якум Совет” ҳастанд, соли гузашта ба COVID-19 гирифтор шуда буданд ва гармии ногаҳонӣ боиси хуруҷӣ бемории онҳо шудааст. Аз сабаби нӯшидани оби хунук, шиноварӣ ва истеъмоли дигар маҳсулоти сард бемории онҳо хуруҷ кардааст».

Бо вуҷуди ин дар Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки мардум ба ҳар гуна сару садоҳо дода нашаванд ва бояд тавсияҳои табибонро дар мавриди пешгирии бемории коронавирус риоя намоянд.

«Ҳоло мардум бояд тамоми тавсияҳои табибонро риоя намоянд, чун беморӣ дар дигар давлатҳо хуруҷ намуда, нигаронкунанда аст.  Ҳоло дар Тоҷикистон беморӣ сабти ном нашудааст ва мо наметавонем нафарони дорои нишонаҳои бемориро гирифтори коронавирус биномем. Бемор буданро танҳо ташхис муайян мекунад. Аммо ташхисе, ки беморон мегузаранд то имрӯз нафреро гирифтори бемории COVID-19 нишон надодааст».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.