Дар Шохис (индекс)-и ҷаҳонии сулҳдӯстӣ (GPI), ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (IEP) таҳия шудааст, Тоҷикистон имсол байни 163 давлат мақоми 97-умро касб кардааст. Яъне давоми сол мавқеи Тоҷикистон аз мақоми 107-уми соли гузашта 10 зина беҳтар шудааст.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 67-ум, Қирғизистон - 76, Ӯзбекистон - 90 ва Туркманистон - мақоми 109-умро ишғол кардаанд.

GPI 99,7% аҳолии ҷаҳонро бо истифода аз 23 нишондиҳандаи сифатӣ ва миқдорӣ фаро гирифта, вазъияти ҷаҳонро дар се соҳа: сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, миқёси низоъҳои дохилӣ ва байнулмилалии идомадошта ва сатҳи ҳарбикунонӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор медиҳад.

Исландия аз соли 2008 кишвари аз ҳама сулҳдӯст боқӣ монда, дар зинаҳои аввали радабандӣ инчунин Зеландияи Нав, Дания, Португалия ва Словения ҷой гирифтаанд.

Афғонистону Яман, Сурияву Судони Ҷанубӣ ва Ироқ дар зинаҳои охири радабандӣ ҷойгир шуда, ба ҷуз Яман, дигар кишварҳо аз соли 2015 дар ин панҷгонаи кишварҳои нисбатан камтар сулҳпарвар қарор доранд. Афғонистон аз соли 2010 дар сегонаи ин кишварҳо ҷой дорад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки тайи 15 соли ахир тамоили сулҳпарварӣ коҳиш ёфта, балли миёна наздик ба 2 фоиз поин рафт. Аз 163 кишвари ба GPI шомилгардида, дар 86-тоаш беҳбудӣ ва дар 75-тоаш - бадшавии вазъият сабт шуда, дар 2 кишвар дар ин самт тағйироте ба амал наомадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.