Барои табобати Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз хорҷи кишвар духтур овардаанд ва ин пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд. Дар ин бора яке аз наздикони Шералӣ Кабир ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, ки ӯ давраи буҳронии бемориро пушти сар кардааст ва ҳоло вазъаш хуб асту ба саломатияш таҳдиди ҷиддие нест. 

"Худоро шукр, ҳамин шабу рӯз вазъаш хубтар шудааст. Давраи буҳронии бемориро пушти сар кард, иншоаллоҳ ду-се рӯз пас ба хона рухсат мешаванд",- гуфт ин манбаъ.

Бояд гуфт, ки Шералӣ Кабир  беш аз ду ҳафта мешавад, ки бо бемории "илтиҳоби шуши дутарафа" гирифтор шудааст ва дар беморхонаи маъруф ба "Клиникаи Мансуров" ё  Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологиии Тоҷикистон муолиҷа мешавад.

Ба гуфтаи наздиконаш ӯ як давраи буҳронии бемориро пушти сар кард ва чанд рӯз зери дастгоҳи нафасдиҳии маснуӣ қарор дошт, ки рӯзи 1-уми июл аз зери ин дастгоҳ берун омадааст. 

Шералӣ Кабир, яке аз тоҷирони муваффақ, ки то моҳи ноябри имсол раиси Шӯрои мудирони Корхонаи алюминийи тоҷик/Талко буд, бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон вориди кобинаи нави ҳукумат шуд ва вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. 

Ин тоҷир ва акнун вазири маъруфи тоҷик зодаи соли 1971 дар Дарвоз буда, Донишкадаи савдо ва кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илми иқтисод мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.