Шурӯъ, аз соати 1-и шаби 23 то соати 12-и шаби 24 июли соли равон интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии шарҳдорӣ хабар додааст. Тибқи қарори раиси шаҳр масъулин бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинонро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Дар баёнияи расмӣ сабаби асосии қатъи интиқоли оби нӯшокӣ гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоотҳои «Силсила нерӯгоҳҳои барқӣ обии Варзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу  корези Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 гуфта шудааст.

Манбаъ менависад, ки тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 июли соли 2021 №426 раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар давраи қатъи интиқолӣ оби нӯшокӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Дар ҳамаи суроғаҳои зер интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 0100 рӯзи 23 июл то соати 0000 рӯзи 24 июли соли 2021 қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, ки интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи Сино - маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз», кӯчаи Варзишгарон, ноҳияи Исмоили Сомонӣ - хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Самад Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Шевченко, Шероз, Саид Носир, Шотемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулло Командир, Маҳмадулло Холов, Лоиқ Шералӣ, Ғанӣ Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Лев Толстой, Мирсаид Миршакар, Ҳофизи Шерозӣ, Пушкин ва Теҳрон муваққатан қатъ мегардад.

Инчунин аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Исомиддин  Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қурбон Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, Умари Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пӯлод Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Умари  Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ), инчунин Боғи Садриддин Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Бунгоҳи гармитақсимкунии-1 дар кӯчаи Саид Носиров, шаҳрчаи тандурустӣ низ беоб мемонанд.

Дар ноҳияи Шоҳмансур - маҳаллаҳои Нисор Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Аҳмади  Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва Садриддин Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 ва дар ноҳияи Сино - маҳаллаҳои  10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор, кӯчаи Бобо Ҳамдам, Бунгоҳи гармитақсимкунии-2 дар маҳаллаи 83 об қатъ мешавал.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ - кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Неъмат Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе низ беоб мемонанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.