Дар Тоҷикистон, то имрӯз 447 ҳазору 114 нафар бар зидди бемории  COVID-19 воксин гирифтаанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар  дар торномааш хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки то 21 июли соли равон дар Тоҷикистон вояи дуюми ваксинаро 22 ҳазору 242 шаҳрванд гирифтаанд.

Гуфта шудааст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

- Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад,-қайд шудааст дар иттилоияи мазкур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз қавли мутахассисони соҳаи тиб навиштааст, ки яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19 задани ваксина  мебошад.

Таъкид шудааст, ки маъракаи воксинзанӣ бар зидди бемории коронавирус  дар ҷумҳурӣ идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии ин беморӣ то 21  июл  дар кишвар 14291 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, аз ин беморӣ 115 нафар фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.