Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик дар пардохти қарз аз маоши 6-моҳаи соли ҷорӣ мусоидат намуд.

Тавре дафтари матбуоти Намояндагӣ хабар медиҳад, маблағи пардохти қарз 10 млн рублро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Намояндагӣ, дар нимсолаи аввали имсол ба ин ниҳод аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 88 нафар барои баргардонидани маблағи музди маош бо маблағи 14,5 млн рубли муроҷиат намудаанд.

“Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ зиёда аз 10 млн рубл, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шуд, - омадааст дар хабар. - Бақияи 3,5 млн рубл, яъне 24,7% маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Намояндагӣ муроҷиат намудаанд, дар баррасии мақомотҳои марбутаи Русия қарор дорад”.

Бо мақсади пешгирии мушкилот ва баҳсҳои молиявӣ байни корфармо ва кормандон, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия боисрор аз муҳоҷирони кории тоҷик дархост мекунад, ки пеш аз ба кор қабул шудан ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.