“Рӯзи чоршанбе, 28 июл ба Тоҷикистон 1,5 млн вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин оварда мешавад. Ин кумаки башардӯстона аз Чин аст”, - изҳор дошт сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Субҳи имрӯз аз ИМА ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона дар чаҳорчӯби барномаи COVAX-и ҳукумати ИМА 1,5 млн воя (доза)-и ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 оварда шуд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ ду ваксина истифода мешавад - AstraZeneca-и истеҳсоли Ҳиндустон ва CoronaVac-и Чин.

Ёдрас мекунем, ки Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3 июл ваксина гирифтанро барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.