Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ин ниҳод, имрӯз, 26-уми июл гуфт, ки аз рӯйи нишонаҳо дар ҷумҳурии мо эҳтимолан, навъи коронавируси Делта вуҷуд дорад.
Муҳсинзода гуфт, ки дар ҳоле, ки ин навъи вирус дар кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад, аз рӯйи нишонаҳои беморон, эҳтимол дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Мувофиқи таҳлилҳои тазминии мо, ин вирус аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ворид шуд.
"Аммо барои дақиқ кардан вуҷуди навъи Делта, мо натиҷаҳи тестҳоро ба як озмоишгоҳи вижа дар Лондон фиристодаем ва мунтазири натиҷаҳои ташхис ҳастем",-гуфт Муҳсинзода.
Ин изҳороти муовини вазир дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Взорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон то кунун навъи Делта сабти ном нашудааст.
Вазъи беҳдоштии Тоҷикистон рӯ то рӯз бадтар мешавад. Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 165 нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 592 нафар расид.
Давоми рӯзҳои 24-25 июл боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 117 нафарро ташкил медиҳад.Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 96 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 132 нафар шифо ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ аз ин беморӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, бемори душвортар ҷараён мегирад.
Дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназанӣ идома дорад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз зиёда аз 460 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аз COVID-19 ваксина гирифтаанд.
Субҳи имрӯз аз ИМА ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона дар чаҳорчӯби барномаи COVAX-и ҳукумати ИМА 1,5 млн воя (доза)-и ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 оварда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста