Субҳи имрӯз, 28 июли соли равон бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ 2 млн вояи ваксинаи “КоронаВак”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Чин ворид гардид.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар маросими қабули вояҳои ваксинаи макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, муовинони вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Хусрав Нозирӣ, намояндагони сафорати Чин дар Тоҷикистон, намояндаи дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби кишвари  дӯст ва шарики стратегӣ - Чин кӯмакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сирояти ҳамагир ба  Тоҷикистон  расонида шуданд.

1/5

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон дар доираи механизми COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca дастрас намуда, охири моҳи июн аз Чин ба Душанбе ба сифати кумаки башардӯстона 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин оварда шуд.

Рӯзи 26 июл 1,5 млн вояи ваксинаи Moderna аз ҷониби ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон расонида шуд.

Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3 июл ваксина гирифтанро барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то  21 июл зиёда аз 474 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида   беш аз 22 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.