Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки созишномаи таъини нафақа барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик яке аз санадҳое аст, ки то поёни соли равон байни Русия ва Тоҷикистон ба имзо мерасад.

Ӯ аз ин бештар, дар бораи таъини нафақа ба муҳоҷирон суҳбат накард ва гуфт, ки ин масъала дар баррасии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қарор дорад ва рӯзноманигорон ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Қаблан роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода изҳор карда буд, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамаи ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома дар бораи ҳалли масъалаҳои нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.

Ба гуфтаи номбурда, тамоми паҳлӯҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи таъминот бо нафақа ҳангоми видеоконфронсҳои корӣ ҳаллу фасл шуданд.

"Лоиҳа дар мувофиқа бо ВКХ ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. Созишнома андозаи нафақаеро, ки шаҳрвандони тоҷики дар Русия қарордошта мегиранд, ба танзим медарорад", - гуфта буд Давлатзода.

Рӯзи 27 июл сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Вазорати меҳнат супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия бо Тоҷикистон гуфтушунид кунад ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа созишнома ба имзо расонад.

"Ба Вазорати меҳнати Русия супориш дода мешавад, ки бо иштироки ВКХ Русия бо Тоҷикистон гуфтушунидҳо анҷом диҳад ва зимни ба даст овардани созиш, аз номи Русия шартнома ба тасвиб расонад”, - гуфта мешавад дар санаде, ки ӯзи 27 июл дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд,

Дар лоиҳаи созишнома омадааст, ки ҳар кадоме аз тарафҳо пардохти нафақаро бар асоси собиқаи суғурта, ки ҳангоми кор дар қаламрави кишвар ба даст овардааст, таъин мекунад.

Чаро тоҷикон то ҳол барои кор ба Қатар намераванд?

Ширин Амонзода дар мавриди то ба ҳол иҷро нашудани Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби нерӯи корӣ ба Қатар гуфт, ки бо сабабҳои ба миён омадани чанд мушкилӣ иҷрои он ба таваққуф гузошта шуд.

- Воқеан, созишнома ба имзо расонида шудааст, аммо баъзе пешниҳоди  кишвари Қатар дар масъалаи кор ба талабот ҷавобгӯ нест. Масалан, маоше ки ҷониби Қатар ба муҳоҷирони мо пешниҳод мекунад, кам аст. Надонистани забони давлатии корфармо - Қатар ҳам мушкилии дигарест, ки пеши роҳи сафари муҳоҷирони тоҷикро ба ин кишвар мебандад ,- шарҳ дод вазири меҳнат.

Ёдрас мешавем, ки 3 феврали соли 2019 созишномаи ҳукуматҳо дар мавриди танзими қувваи корӣ аз Тоҷикистон дар давлати Қатар ба имзо расида буд.

Тибқи муқаррароти Созишнома муҳоҷирони Тоҷикистон дар Қатар, бар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, бояд тибқи қонуни давлати мизбон фаъолият мекарданд.

Гуфта мешуд, ки созишномаи мазкур баъди расмиёти дохилидавлатии тарафҳо мавриди амал қарор мегирад, аммо бо гузашти зиёда аз 2 сол он амалӣ нагардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.