Шарқшинос ва тарҷумони забони арабӣ Нағзибек Зардов дар синии 63 солагӣ, шаби 30 июли соли равон дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

ВКХ Тоҷикистон ба духтари марҳум Нигина Зардова, ки корманди ин ниҳод аст аст, ҳамдардӣ намуда, аз ҷумла қайд кардааст:

"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми падари корманди худ Нигина Зардова - шарқшинос ва тарҷумони касбии забони арабӣ Нағзибек Зардов сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ ва таслияти амиқ изҳор мекунад".

То ба ҳол сабаби марги Зардов маълум нест. Марҳум солҳои охир дар Маскав зиндагӣ мекард ва тақрибан ду моҳ пеш Тоҷикистон омада буд.

Нағзибек Зардов соли 1958 дар деҳаи Жовид (ҳоло Ҷовидон)-и ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омада, мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа хатм кардааст.

Соли 1975 ба факултаи шарқшиносии УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) шомил гардида, соли 1980 онро бо ихтисоси забони арабӣ ба поён расонидааст.

Ӯ ҳамчунин, донандаи хуби забонҳои инглисӣ, арабӣ ва русӣ буд.

Собиқаи беш аз 30 соли тарҷумонӣ дар кишварҳои Ховари Миёна аз ҷумла, Сурия ва Ироқу Либияро дошт.

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги ин шарқшиноси маъруф андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш дар ин мусибати сахт сабру шикебоӣ мехоҳанд.