Баъди бозгашт аз Бозиҳои олимпии Токио ҷудокори маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва аҳли оилаи ӯро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ оилаи Маҳмадбековҳо изҳор намуданд, ки мехоҳанд дар ВМКБ мактаби варзишии ҷудо боз кунанд.

Дар вохӯрӣ ба ҷуз Сомон, писарамакаш Маҳмадбек Маҳмадбеков, нахсутин тоҷике, ки медали тиллои мусобиқоти ҷудои "Тоскулоҳи бузург" - Grand Slam (Қазон-2021)-ро соҳиб шудааст ва амакҳояш, муррабиёни маъруфи ҷудо Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо ҳузур доштанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ.


Маҳмадбековҳо зодаҳои ноҳияи Ванҷи ВМКБ буда, тобистон барои айёдати хешутабор ва тамринҳои тобистонӣ ба Бадахшон омадаанд.

Айни ҳол Сомон дар вилояти Иркутски Русия истиқомат дошта, дар Бошгоҳи ҷудои  "MORI", ки аз сӯйи Эргаш Маҳмадбеков таъсис шудааст, тамрин мекунад ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Бояд гуфт, ки Эрагш Маҳмадбеков ҳамчунин президенти Федератсияи ҷудо самбои вилояти Иркутск мебошад. 

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки “боиси ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони аст, ки Шумо  зодаи ин Ватан тавонистед дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуда, парчами миллатро бар фарози парчамҳои мамолики дигар парафшон намоед”.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат Эргаш Маҳмадбеков таклиф намуд, ки бо ҳамроҳии бародарзодаҳояш барои наврасону  ҷавонон як толори куштӣ ва мактаби ҷудо  бунёд намуда, онро бо устодони арзанда таъмин намояд.

Ёдгор Файзов иқдоми ин оилаи варзишгарро хуб пазируфта зикр кард, ки ҷихати мустаҳкамтар нигоҳ доштани равобити варзишгарон Маҳмадбековҳо бо дӯстдорони гӯштини вилоят як вохӯрии озодро ташкил намоянд.

1/2

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси вилоят барои меҳмонони олиқадр  туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, барои фатҳи куллаҳои нави варзиш комёбиҳо таманно намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.