Шурӯъ аз гузаштагони ин оила муддати 150 сол сол аст, ки хонаводаи онҳо ба ин касб машғуланд.

Устои шонасоз аз Истаравшан Содиқ Зарипов муддати 30 сол аст, ки касби хонаводагиро идома дода, шонаҳоро аз чӯб тайёр мекунад. Ин касб ба ӯ ҳанӯз аз бобокалонаш усто Иноят мерос мондааст.

«Сирри комёбиамон дар он аст, ки мо аз кадом навъи чӯб сохтани шонаи навъи хубро медонем: аз чӯби чормағз, зардолу, нок, себ ва ғайра. Барои ман як нигоҳ кофист, ки хусусияти мӯи сари харидорро муайян кунам. Барои шахсони дорои муйҳои хушк шонаҳо аз чӯби чормағз ва барои мӯйҳои равғанӣ бошад, шонаҳо аз чӯби зардолуро пешниҳод мекунам. Албатта, сирҳои дигар низ ҳастанд», - табассум мекунад усто Содиқ.

Шонаҳои сохтаи ӯ, ки нархашон то 300 сомонӣ мерасад, бо гувоҳномаи Нишони сифати ЮНЕСКО (Ташкилоти СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) қадрдонӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.