Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” боз як олими дигари тоҷик Сафаралӣ Латипов, собиқ декани факултаи математика (2019) ва  мудири кафедраи ТИК-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ҳангоми навиштани рисолаи илмияш ба асардуздӣ мутаҳҳам карда, аз бекор шудани унвонии илмии Латипов аз сӯйи Вазортаи маориф ва илми Русия хабар додааст. Ин маълумотро пойгоҳи мазкур имрӯз, 18 октябри, соли равон нашр кардааст.

Ба навиштаи торнамои ин пойгоҳ Латипов ҳангоми навиштани рисолаи илмияш дар мавзӯи “Шартҳои педагог барои ташаккул додани салоҳияти иттилоотии донишҷӯёни донишгоҳҳо дар шароити системаи кредитии таҳсилот: дар бораи маводи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Педагогические условия формирования информационной компетентности студентов вуза в условиях кредитной системы обучения : на материалах вузов Республики Таджикистан) бахши зиёди кори худро аз  аз рисолаи илмии Наталя Соловева “Формирование познавательной самостоятельности студентов вуза в условиях кредитной системы обучения”, ки соли 2008 дар Русия дифоъ шудааст ва Наталия Витковская “Формирование информационной компетентности студентов вузов”, ки соли 2004 дар Русия дифоъ шудааст, рӯбадорӣ карда, даст ба асардуздӣ задааст.

“Диссернет” навиштааст, ки Латипов дар 56 саҳифаи рисолаи илмияш аз кори Наталя Соловева  ва дар 51 саҳифааш аз рисолаи Наталия Витковская саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.

Пойгоҳ менависад, ки Латипов 30 декабри соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишгоҳи давлатии Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба номи Носир Хусрав зери роҳбарии Туғайбобо Шукуров ва Самариддин Авғанов дифоъ намудааст.

Пойгоҳ менависад, ки бо фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 23 июли 2021 Сафаралӣ Латипов аз унвони илмӣ маҳрум карда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Латипов ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.

Беш аз 60 олими тоҷик дар рӯйхати “Диссернет”

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард. 

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.