Волидони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли равон дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, барои додхоҳӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, хостори адолат шудаанд.

Онҳо дар номаи худ, ки нусхаи он ба дасти “Азия - Плюс” ҳам расид, аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки баҳри таъмини адолат ва кафолати дахлнопазирии ҳаёт, қадр ва номуси инсон дар кишвар мусоидат кунад.

“Хоҳишимандем, муфаттиши парванда аз прокуратураи ноҳияи Файзобод аз баррасии парванда озод карда шуда, нисбаташ чораҳои қатъии интизомӣ андешида шавад. Санҷиши минбаъдаи парвандаи ҷиноятӣ ба муфатишони Раёсати тафтишоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон вогузор карда шавад”,- омадааст дар номаи наздикони Манора.

Дар идомаи нома аз ҳодисаи бавуҷудомада ёдоварӣ гардида, қайд мешавад, ки бо айби муфаттиши парванда гумонбарони ҳодиса дастгир ва ҷазо нагирифтанд ва ҳатто яке аз гумонбарони асосӣ бо иҷозати муфаттиш ба хориҷи кишвар рафт.

“Оиди ҳодисаи ба худкуши расонидин Манораи Абдуфаттоҳ бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. Вале бо гузашти беш аз 3 моҳ касе ҳамчун гумонбар дастгир нашудааст. Ба фикри муфаттиш касе дар ин ҳодиса гумонбар нест. Дар ҳоле, ки ба худкушӣ расонидан парванда тасдиқ гардид. Вақте ки ба худкушӣ расониданд, чаро гумонбар набудааст? Кӣ ӯро ба худкушӣ расонид?!”,- мепурсанд наздикони Манора.

Аз прокуратураи ноҳияи Файзобод вобаста ба ҳодисаи мазкур касе ҳозир нашуд, ки масъаларо шарҳ диҳад.

Тафсилоти ҳодиса

Аз ин пештар наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, аз болои муфаттиши парванда ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шикоят бурда, хоста будаанд ки нисбати ӯ чораандешӣ шавад. Онҳо мегӯянд, муфаттиш аз гунаҳкорон пора гирифта, намегузорад парванда мунсифона баррасӣ шавад.

Ҷасади ин зани ҷавон рӯзи 22-уми июни соли равон дар манзили зисташ бо 26 зарби корд пайдо шуда буд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ қасди худкӯшӣ надошт ва ӯро куштаанд, вале мақомот мегӯянд, ташхисҳо нишон додааст, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Таҳқиқи ҳодисаро додситонӣ ва ШКД дар ноҳияи Файзобод гузаронд. Ду ташхис сабаби марги Манораро худкушӣ эълон кардааст.

Дар хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ки нусхаи он дар ихтиёри “Азия-Плюс” аст, гуфта шудааст, "дар шикам, қафаси сина, дастҳо ва гардани ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ 26 захм мушоҳида шуд. Коршиносони тиббиву додгоҳӣ гуфтаанд, захми корд дар бадан чуқур нест, аз ин рӯ, шояд онҳоро худи Манора ба баданаш задааст".

Худкушӣ эълон шудани марги ин зан норозигии пайвандони ӯро ба бор овардааст. Онҳо дар номае, ки ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супурданд, хостори тафтиши одилонаи ҳодиса шуда буданд.

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар номаи ҷавобӣ аз Додситонии кулл хостааст, ки ҳодисаи мазкурро таҳқиқ намоянд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, намояндаи онҳо дар ҳамкорӣ бо Додситонии ноҳияи Файзобод далелҳои пешниҳодкардаи пайвандони Манораи Абдуфаттоҳро меомӯзанд. Вале наздикони Манора мегӯянд, то ҳол ҳеҷ тағйироте дар парванда дида намешавад.