Ба зиёда аз 100 муҳоҷирони тоҷик, ки ба қавли худашон, дар шароити ғуломона дар вилояти Воронежи Русия кор мекарданд, шиносномаҳояшонро баргардонида, ваъда доданд, ки музди мешанташонро низ пардохт мекунанд, хабар дода мешавад дар саҳифаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шабакаи иҷтимоии Facebook.

Гуфта мешавад, кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон пас аз шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи шароити душвори корашон ҷиҳати ҳалли ин мушкил ба вилояти Воронеж рафтаанд.

Зимни суҳбатҳои намояндагони сафорат бо корфармо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маълум карда шуд, ки 22 июли соли ҷорӣ 110 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Россия сафар кардаанд.

“Мутаасифона, дар рӯзҳои аввали омадан ба Воронеж аз ин теъдод 6 нафар  ба сирояти COVID-19 гирифтор шуданд ва давоми 14 рӯзи минбаъда ҳамаи он гурӯҳ дар ҳолати карантин қарор доштаанд”, - омадааст дар хабар.

Тибқи шартномаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо корфармо, яъне ширкати ҶСП “Острогожсксадпитомник”, маблағи патент барои кор, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб ва ғизо аз ҷониби корфармо пардохт шуда, пас аз шурӯъ гардидани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, корфармо маблағи сарф кардаашро аз музди меҳнати онҳо бозпас гардонидааст.

“Бинобар ин, корфармо 1 сентябри соли 2021 ба ҳар як нафари онҳо 10 000 рублӣ пешпардохт намудааст, - зикр мегардад дар хабар. - Аз ин лиҳоз, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст”.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ва суҳбати фаҳмондадиҳии кормандони сафорат бо роҳбари ширкати мазкур, шиносномаҳои шаҳрвандон бозпас гардонида шуда, ҳамчунин ҷиҳати пардохти боқимондаи музди меҳнати онҳо мувофиқа ҳосил шуд.

Сафорат навори видеоеро нашр намудааст, ки дар он дида мешавад чӣ гуна ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшон баргардонида мешавад.

Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео дар бораи эътирози муҳоҷирони тоҷик назди бинои пулиси ноҳияи Острогожски вилояти Воронеж нашр шуд. Онҳо дар бораи шароити кори ғуломона дар боғҳои себ дар деҳаи Шубное шикоят мекарданд.

Дар ин навор онҳо мегӯянд, пас аз ба ин ҷо омадан корфармо шиносномаҳояшонро гирифта, ҳозир мисли ғуломон зиндагӣ доранд.

“Ин ҷо мо мисли ғуломонем... Ҳатто ба сагҳо нигаҳбон ҳасту мо ҳатто ҳаминро ҳам надорем... Либоси дуруст надорем, чизе, ки сокинони маҳаллӣ медиҳанд, ҳамонро ба бар мекунем. Дар се моҳ ба мо ҳамагӣ 5 ё 10 ҳазор рубл пардохтанд... Ман чор моҳ кор карда, боз ба ман мегӯянд, ки аз онҳо 18 ҳазор рубл қарздорам...”, - мегӯянд онҳо дар навори видео.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.