Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвнадони Тоҷикистон дар Русия даъват намуд, ки дар сурати пайдо шудани ҳама гуна мушкилӣ ба сафорат ва консулгариҳои кишвар дар шаҳрҳои Русия муроҷиат намоянд.

“Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳар як ҳолати рух додани мушкилӣ, ҳодисаҳои нохуш ва ё дигар масъалаҳои ҳалталаб, фавран ба Сафорати Тоҷикистон ва Хадамоти консулии он муроҷиат намоянд”, - хабар дода мешавад дар саҳифаи сафорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин хотиррасон мекунад, ки дар сафорат телефони шабонарӯзӣ фаъол буда, ҳамчунин ҳамаи дархосту муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ қабул ва мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Лутфан, муроҷиат бо чунин суроғаҳо дархост мешавад:

+7 495 690 41 86 - Сафорат

+7 985 740 02 12 - Хадамоти консулии Сафорат

E-mail: [email protected]; [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.