Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумоти гӯё дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодаро вобаста ба гирифтории аҳолӣ ба вируси гепатити “А” (бемории Боткин, “зардпарвин” ё худ “зардча”) рад мекунад.
Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар муътадил буда, ҳеҷ сабабе барои ташвишу нигаронӣ вуҷуд надорад.
Шикояти сокинони пойтахт ба идораи “Азия-Плюс” бобати доман паҳн кардани эпидемияи гепатити “А” дар шаҳр боис гардид, ки барои шарҳи ин масъала ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат намоем.
Ба гуфтаи онҳо, гӯё дар беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон аллакай бисёр сироятёфтагон аз ин беморӣ бистарианд ва дар Регару дигар минтақаҳо ҳам ин беморӣ ба мушоҳида расидааст.
Аммо Ҷаъфаров изҳор намуд, ки гепатити “А” бемории мавсимӣ буда, ба он аз ҳама бештар кӯдакони синни аз 3 то 14-сола осебпазиранд.
“Ҳар сол ин беморӣ ҳасту он махфӣ нигоҳ дошта намешавад. Ҳамасола дар кӯдакони синни аз 3 то 14-сола хавфи гирифторӣ ба гепатити “А” вуҷуд дорад. Аз 8-12 ҳазор нафаре, ки ҳамасола ба ин бмеорӣ гирифтор мешаванд, зиёда аз 85-90%-аш ба кӯдакони синни то 14-сола рост меояд”, - иброз дошт вай.
Зимнан илова шуд, ки хуруҷи ин бемории вирусӣ дар кишвар ҳар се сол ба мушоҳида мерасад, вале имсол он нест.
Бемории зардпарвини вирусии намуди “А” сирояти дорои хусусияти мавсимӣ буда, хурӯҷи он асосан ба фасли тобистону тирамоҳ рост меояд ва бақайдгирии ин беморӣ бисёртар дар байни гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакони синни томактабию мактабӣ) мушоҳида карда мешавад.
Сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ агар аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар дар риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста