Дирӯз, 20 октябр дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ - баҳои бофарҳангии ҷомеа”, ки тӯли чор моҳ идома  дошт, ҷамъбаст гардид.

Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи андоз иттилоъ доданд, озмун бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупории аҳолӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Озмун аз рӯи 2 номинатсия гузаронда шуд:

1) Номинатсияи расми беҳтарин - зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

2)  Номинатсияи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - барои донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон.

Баъди хулосаи ҳакамон дар номинатсияи якум, ки байни хонандагон гузашт, нӯҳ нафар ғолиб дониста шуданд. Дар наминатсияи дуввум ҳам нӯҳ донишҷӯ  ғолиб омаданд. 

Гуфта мешавад, ки ба ғолибон диплому сипоснома ва маблағҳои пулӣ тақдим гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.