Имрӯз дар Душанбе истифодаи навгониҳо (инноватсия) ва технологияҳои рақамиро дар комплекси агросаноатӣ баррасӣ мекунанд. Баррасии масъала дар доираи чорабинии “Маҷлиси иқтисодӣ дар Душанбе” (29-30 ноябр) сурат мегирад. Чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) созмон дода шудааст.

Иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла Лоиҳаи рушди маҷмӯавӣ (комплексӣ)-и рушди ноҳияҳои деҳот (IRDP)-ро, ки дар он мусоидат ба рушди фарогир (инклюзивӣ)-и иқтисоди деҳот баҳри некӯаҳволии мардум (TRIGGER) пешбинӣ шудааст, баррасӣ мекунанд.

Сурат: Asia-Plus

Арзиши лоиҳа 29,5 млн евроро ташкил медиҳад, ки 20 млн евро саҳми Иттиҳоди Аврупо ва 9 млн евро - саҳми Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон мебошад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар бахши кишоварзӣ унвон шуда, анҷоми он соли 2024 дар назар аст.

Сурат: Asia-Plus

Маҷлиси иқтисодӣ дар Душанбе аз соли 2014 гузаронида мешавад. Ҳадафи он фароҳам овардани замина (платформа)-е мебошад, ки иштирокчиён аз сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва доираҳои академӣ тавонанд оид ба масъалаҳои муҳими иқтисодӣ озодона мубодилаи афкор дошта бошанд.

Маҷлиси иқтисодӣ-2021 вохӯрии ҳафтум мебошад. Имсол он дар шакли гибридӣ гузаронида шуда, қисмате иборат аз 100 нафар бо ҳузури бевосита ва қисмати дигар - бо таври маҷозӣ (виртуалӣ) дар он иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.