Ҳокими Азиз рӯзноманигори варзидаи телевизион ва радиои Тоҷикистон баъд аз як бемории тӯлонӣ дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.
Даргузашти ин рӯзноманигори маъруф рӯзи якшанбеи 9-уми январ дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод, ки дирӯз ҷасади ӯ ба хок супурда шуд.
Ҳокими Азиз аз рӯзноманигорони маъруф охири солҳои 90 ва ибтидои 2000-уми радиову телевизиони тоҷик буд.
Хусусан барномаи "Суҳбати мардона"-аш дар Телевизиони Тоҷикистон (1997-2000) бо шахсиятҳои бузурги фарҳангиву сиёсӣ ва илмӣ хеле маъруф буд ва бинандаи бешумор дошт.
Ин рӯзноманигори фақид, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва аз соли 1986 дар Радиои Тоҷикистон фаъолиятро шурўъ карда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ кор кардааст. Бештар аз 30 шумораи силсилагуфтори «Дар суҳбати адиб» - и ин рӯзноманигори варзида дар «Хазинаи тиллоӣ» - и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Солҳои 1997- 2005 дар Телевизиони тоҷикистон ба унвони муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ кор кардааст.
Фаъолияти минбаъдаи ин рӯзноманигори варзида дар матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ сипарӣ шуд. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи икшвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад. Осори насрие ҳам дар заминаи ҳикояву қиссаҳо ва повестҳо менавишт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста