Аҳлиддин Зардаков, барномасози ҷавони тоҷик нармафзор (приложение)-е барои телефонҳои мобилӣ сохтааст, ки дар он тамоми осори Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистонро ба забони русӣо метавон дарёфт кард.

Ин нармафзор ҳоло бо номи «Все книги Садриддин Айни на русском языке» дар телефонҳои мобилии системаи android қобили дарёфт аст .

Аҳлидин 30 сол дорад ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад.Мегӯяд, вақте бархе китобҳои Садриддин Айниро ҷусту наёфт, даст ба сохтани ин нармафзор зад. Ин ҷавон мегӯяд, ки барномаро бо сармояи худаш сохта ва ройгон дар ихтиёри корбарон қарор додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди китобхонӣ ва аз ин роҳ боло бурдани сатҳи фарҳангу маънавиёт дар ҷомеа водор кард, ки барои осонтар пайдо кардани осори адибон ин корро роҳандозӣ кунад.

Ин ҷавон барномаи мушобеҳи осори Айниро ба забони тоҷикӣ низ сохтааст, аммо ба далели ин ки ҳама осори тоҷикии аллома Айниро пайдо накардааст, барнома дар ҳоли сохту соз қарор дорад ва бо пайдо кардани осори дигар, ин нармафзорро низ фаъол мекунад.

 "Осори гаронбаҳои устод Садриддин Айнӣ мероси бузургест, аз ин сабаб, ҳар яки моро зарур аст аз ин ганҷинаи бебаҳо баҳра барем, вале баъзан  барои дастрас намудани китобхои устод мо заҳмат мекашем. Кӯшиш намуда истодаам, ки тамоми китобҳои Айниро дар ин ҷо ворид кунам, то ҳамагон тавонанд ба ин ганҷинаи бебаҳо дастрасии роҳаттар дошта бошанд", - мегӯяд Аҳлиддин.

Зардаков, риштаи барномасозии факултаи технологияи итилооотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Нармафзори сохтаи Аҳлиддин

Аҳлидин мегӯяд, дар танҳоӣ барномаро тӯли 2 моҳ  омода кардааст. Ҳарчанд ин барномасози ҷавон барои ин барномааш ҳеҷ маблағе масраф накардааст, аммо ба назари ӯ, барои такмили барнома маблағ лозим мешавад.

«Намунаи электронии бархе аз китобҳо вуҷуд надорад, барои электронӣ кардани онҳо маблағ зарур аст. Албатта, агар афроде бошад, ки ин китобҳоро электронӣ кунанду дар ихтиёри мо қарор диҳанд, хеле хурсанд хоҳем шуд»,-мегӯяд барномасоз.

Ин ҷавон ҳадаф дорад дар оянда осори адибони дигар, аз ҷумла осори Мизо Турсунзода ва донишмандони дигари тоҷикро низ вориди ин гуна барномаҳои мушобеҳ кунад.

Ҳамчунин мехоҳад дарсҳои видеоии устодони пешқадами мактабҳои миёнаро низ дар ин гуна барномаҳо пешниҳод кунд.

«Ният дорам, ки барномаҳои дарсии мактабҳои миёна, аз ҷумла дарсҳои фаннҳои дақиқи баъзе устодонеро, ки дар ҷумҳурӣ назир надоранд, дар шакли видеоӣ сохта,  ройгон пешкаши хонандагони мактабҳои миёна кунам. Зеро мактабхонҳои дигар ҳам аз файзи ин устодони камназир баҳраманд шаванд. Имрӯз нарасидани устодони моҳири фанҳои дақиқ хеле зиёд эҳсос мешавад. Ҳангоми доштани чунин барнома, донишомӯзон мавзуъҳои лозими худро метавонанд ба таври возеҳ ва фаҳмо аз устодони тавоно биомӯзанд».

Зардаков, мегӯяд, барномаҳои мазкур барояш ҳеҷ даромаде намеоранд, вале чун ҳадаф гузоштааст, бояд онро иҷро намояд ва "шояд хамин сабаб шаваду барои пешбурди илм дар Тоҷикистон саҳм гузошта бошам».

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.